Ба ҷонибдории Қосим-Жомарт Токаев 81,31% овоз доданд — КМИ Қазоқистон натиҷаҳои пешакии интихоботро эълон намуд

Ноябрь 21, 2022 13:02

ДУШАНБЕ, 21.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон (КМИ) натиҷаҳои пешакии интихоботи президентиро эълон кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба АБИ «Казинформ».

КМИ чунин натиҷаҳои пешакиро пешниҳод менамояд:

Қосим-Жомарт Токаев 81,31% (6 456 392 нафар);

Жигули Дайрабаев-3,42 % (271 641 нафар);

Каракат Абден-2,60% (206 206 нафар);

Мейрам Кажикен-2,53% (200 907 нафар);

Нурлан Ауесбаев-2,22 % (176 116 нафар);

Салтанат Турсинбекова-2,12% (168 731 нафар);

Сутуни «Муқобили ҳама» — 5,8% (460 484 нафар).

«Иҷозат диҳед натиҷаҳои пешакии интихоботии президенти мамлакатро эълон намоям. Мутобиқи рӯйхатҳои муайяншудаи интихобкунандагон, шумораи умумии шаҳрвандони Қазоқистон 11 953 465 нафарро ташкил дод. 8 346 000 ё 69,44 фоиз бюллетен гирифтаанд. Дар рӯзи овоздиҳӣ раванди интихоботро беш аз 11 ҳазор нафар шахсони боэътимоди номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, 641 нафар аз давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, 15,5 ҳазор нафар аз ҳизбҳои сиёсӣ ва беш аз 30 ҳазор нафар аз иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мушоҳида намуданд»,- хабар дод раиси КМИ Қазоқистон Нурлан Абдиров зимни нишасти матбуотӣ.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи якшанбе, 20 ноябр дар Қазоқистон интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор гардид. Ба рӯйхати интихобкунандагон қариб 12 миллион нафар дохил карда шуданд. Овоздиҳӣ соати 7:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз ёфта, соати 20:00 ба охир расид. Барои мақоми асосии кишвар шаш номзад, аз ҷумла Қосим-Жомарт Токаев, президенти феълӣ рақобат намуданд.

Бино ба маълумоти пешакии Комиссияи маркази интихоботии Ҷумҳурии Қазоқистон, дар интихобот ҳудуди 70 дарсади овоздиҳандагон иштирок кардаанд. Президенти феълӣ Қосим-Жомарт Токаев бо гирифтани 6 миллиону 456 ҳазору 392 ё 81,31% овоз дар интихобот пирӯз шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод, имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба муносибати пирӯзии қатъӣ дар интихобот барқияи шодбошӣ ирсол намуданд.

АКС: АБИ «Казинформ»

Ноябрь 21, 2022 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд