ЧҶ-2022. Дастаи мунтахаби Эрон пас аз бохт аз ИМА ба даври баъдии мусобиқа роҳ наёфт
ДУШАНБЕ, 30.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Эрон пас аз бохт аз ИМА дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Қатар ба даври баъдии мусобиқа роҳ наёфт, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Бозӣ дар варзишгоҳи «Эл Тумама» дар Давҳа баргузор шуда, бо ҳисоби 0 бар 1 ба нафъи ИМА анҷом ёфт.
Дар баробари Эрон аз гурӯҳи «В» дастаи мунтахаби Уэлс низ, ки дар даври охири гурӯҳӣ аз Англия бо ҳисоби 0 бар 3 шикаст хӯрд, ба даври баъдӣ набаромад.
Аз ин гурӯҳ ба 1/8-финали Чемпионати ҷаҳон дастаҳои мунтахаби Англия ва ИМА роҳ ёфтанд.
Бояд тазаккур дод, ки Эрон ҳеҷ гоҳ то ба марҳилаи 1/8-финали Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол нарасидааст. Дар Чемпионати ҷаҳонии соли 1998 «Палангҳои Форс» Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро бо ҳисоби 2-1 шикаст дода буданд.
ДАР АКС: Лаҳзаи задани гол ба дарвозаи Эрон. Акс аз манбаъҳои боз








КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






