ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Баҳодур Усмонов ва Муҳаммад Аброриддинов ба нимфинал роҳ ёфтанд

Ноябрь 8, 2022 15:07

ДУШАНБЕ, 08.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик Баҳодур Усмонов ва Муҳаммад Аброриддинов дар Чемпионати Осиё оид ба бокс, ки дар шаҳри Аммони Урдун идома дорад, ба нимфинал роҳ ёфтанд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки аз 1 то 7 ноябр муҳорибаҳо дар даврҳои муқаддамотӣ ва чорякфинал аз рӯи 13 категорияи вазнӣ миёни мардҳо ва 10 категория миёни бонувон баргузор шуданд. Бо натиҷагирӣ аз даврҳои муқаддамотӣ ду варзишгари мо- Баҳодур Усмонов дар вазни -63,5кг ва Муҳаммад Аброриддинов дар вазни +92кг ба нимфинал роҳ ёфтанд.

Баҳодур Усмонов дар даври аввал бар варзишгари Кувайт Нодир Бадрон, дар даври дуюм бар намояндаи Тайиланд Сомчай Вонгсуван, дар чорякфинал бар варзишгари Туркманистон Хурсанд Имонқулиев пирӯз гардид. Ӯ 10 ноябр дар нимфинал бо варзишгари Ҳиндустон Шива Тапа вомехӯрад.

Муҳаммад Аброриддинов сабқатро аз даври чорякфинал оғоз карда, бар намояндаи Сурия Муҳаммад Млайес пирӯз шуд. Ҳарифаш дар нимфинал намояндаи Қазоқистон Камчибек Конкабаев мебошад. Ин муҳориба низ 10 ноябр доир мегардад.

Мавриди зикр аст, ки 8 варзишгари дигарамон – Руҳафзо Ҳақназарова дар вазни то 50кг дар чорякфинал аз варзишгари Ҷопон Намики Тсукими, Миҷгона Самадова дар вазни то 57кг дар даври аввал аз намояндаи Тайпей Ю-Тинг Лин, Шоира Зулқайнарова дар вазни то 60кг пас аз ғалаба бар варзишгари Ҷопон Танака Ринка дар даври аввал дар даври дуюм аз намояндаи Тайпей Шин-Йӣ Ву, Хусравхон Раҳимов дар вазни то 57кг, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз варзишгари Тайпей Ченг-Вей Ли, Абдумалик Болтаев дар вазни то 75кг пас аз пирӯзӣ бар намояндаи Сурия Аҳмад Ғоссон дар даври дуюм аз варзишгари Узбекистон Саидҷамшид Ҷаъфаров, Шаббос Негматуллоев дар вазни то 80кг дар даври аввал аз намояндаи Ҳиндустон Лакша Чаҳар, Наврӯз Ҷафоев дар вазни то 86кг дар чорякфинал аз намояндаи Қазоқистон Сагиндик Тогамбай ва Давлат Болтаев дар вазни то 92кг дар чорякфинал аз варзишгари Урдун Аҳмад Сулаймон мағлуб гардида, аз идомаи сабқатҳо бенасиб монданд.

АКС аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Ноябрь 8, 2022 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид