ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Варзишгари тоҷик Баҳодур Усмонов ба нимфинал роҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 07.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Баҳодур Усмонов дар вазни 63.5 кг дар Чемпионати Осиё оид ба бокс ба нимфинал роҳ ёфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
6 ноябр Баҳодур Усмонов дар даври чаҳорякфинал рақибаш аз Туркманистон Хурсанд Иманкулиевро бо ҳисоби 3 бар 2 мағлуб карда, ба нимфинал роҳ ёфт. Муштзани тоҷик рӯзи 10 ноябр бо Шива Тхапа аз Ҳиндустон неру месанҷад.
Баҳодур Усмонов дар даври аввал бинобар сабаби ҳозир нашудани рақибаш Нодир Бадрон аз кишвари Кувайт барои рақобат бо пирӯзии техникӣ ба марҳилаи чаҳорякфинали мусобиқа баромад.
Рақиби ӯ дар ин марҳила муштзани тайландӣ Сомчай Вонгсуван гардид. Баҳодур тавонист, бо маҳорати баланд муқобили Сомчай Вонгсуван бо ҳисоби 3 бар 2 пирӯз гардад ва ба даври чаҳорякфинал роҳ ёбад.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Аммони кишвари Урдун аз 1 то 12 ноябр идома мекунад.
АКС: КМО Тоҷикистон








Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид






