Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон созишномаҳои грантӣ ба тасвиб расиданд

Ноябрь 2, 2022 13:48

ДУШАНБЕ, 02.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.

Дар он вакилон Созишномаи грантӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Кувайтии Рушди Иқтисодии Араб барои маблағгузории омодасозии асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Тугарак-Саричашма-Шӯрообод ва Чашмасор-Лангарро ба тасвиб расониданд. Зикр шуд, ки Созишномаи мазкур 19 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуда, аз тарафи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Созишномаи грантии болозикр барои маблағгузории омодасозии асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Тугарак-Саричашма-Шӯрообод (қитъаи Тугарак-Саричашма, дарозиаш 25км) дар ҳудуди ноҳияи Восеъ ва Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.

Вакилони мардумӣ ҳамчунин дар иҷлосия Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бар зидди ҷиноятҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ,  Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Маблағгузории иловагии Барномаи солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ) миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзи давлатӣ ва қарзи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробари амалигардонии онҳо»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Вакилон созишномаҳои мазкурро ба тасвиб расонида, аз рӯи масъалаҳои дигари рӯзномаи иҷлосия қарорҳои дахлдор кабул намуданд.

Ёдовар мешавем, ки масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияро ба вакилони мардумӣ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим,  муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода,  муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода, раиси кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Дилшод Раҳмон,  вакилони мардумӣ Мунаввар Абдусаломзода,  Гавҳар Шарофзода,  Толибхон Азимзода,  Ғиёсиддин Ашурзода,  Сурайё Дӯстмуродзода,  Солеҳа Холмаҳмадзода, Бахтиёр Аҳмадзода, Раҳмон Зоирзода ва дигарон   муаррифӣ намуданд.

Акс: МН МО ҶТ

Ноябрь 2, 2022 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид
6 феврал Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима гардид
Қонунҳои марбут ба партовҳо ва хоҷагии ёрирасон дар кумитаи Маҷлиси миллӣ баррасӣ шуданд