Дар Австрия ҳамоиши олимони соҳаи физикаи атмосфера ва сифати ҳаво баргузор мешавад

Ноябрь 18, 2022 13:50

ДУШАНБЕ, 18.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21-25 ноябр дар шаҳри Венаи Австрия дар доираи лоиҳаи Агентии байналмилалии неруи атомӣ ҳамоиши олимони соҳаи физикаи атмосфера ва сифати ҳаво баргузор мешавад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Дар ҳамоиш натиҷаи бадастомадаи тадқиқоти иштирокчиёни лоиҳаи Агентии байналмилалии неруи атомӣ баррасӣ мешавад.

Аз Тоҷикистон дар ин ҳамоиш мудири озмоишгоҳи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Сабур Абдуллоев иштирок менамояд.

Тибқи маълумоти расмии Созмони Милали Муттаҳид (СММ), дар ҷаҳони имрӯза беш аз 90 дарсади мардуми ҷаҳон аз ҳавое нафас мегиранд, ки дараҷаи чангу ғубори он аз меъёрҳои қобили қабул зиёд мебошад. Ифлосшавии ҳаво аз ҷониби СММ ҳамчун яке аз таҳдидҳои асосӣ ба саломатии инсон ва сайёра эътироф шудааст.

Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади роҳандозӣ намудани таҳқиқот дар ин самт дар доираи лоиҳаи Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА), омӯзиши экологияи муҳити зист ва сифати ҳаво бо назардошти таҳқиқоти аэрозоли андозаашон то 2.5 мкм дар ҳамкорӣ бо Маркази байналмилалии шаҳри Вена (Австрия) таҳқиқоти муштаракро бо 16 давлати Иттиҳоди Аврупо ба роҳ мондааст.

АКС: Институти физикаю техникаи ба номи С.Умаров

Ноябрь 18, 2022 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад