Дар Брюссел, Қоҳира ва Ашқобод ҷашнҳои миллӣ ва давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 28.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлати Тоҷикистон бо ширкати фаъоли ҳамватанони муқими кишварҳои Белгия, Миср ва Туркманистон 25-27 ноябр ҳамоишҳои бошукӯҳи ҷашнӣ баргузор гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
27 ноябр дар шаҳри Брюссел бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Белгия бо ширкати фаъоли ҳамватанони муқими кишварҳои Бенилюкс ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид. Дар он аҳамияти таърихии иҷлосияи зикршудаи Шӯрои Олии кишвар ва нақши созандаву барозандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумуи Тоҷикистони навин бо намунаву мисолҳои сершумор таъкид гардид. Зарурати саҳмгузории ҳамагонӣ дар татбиқу амалӣ гардонидани нақшаҳои эҳёкунандаи ӯ чун вазифаи пурифтихори миллӣ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар равобити хориҷии он бо ҷомеаи байналмилалӣ дар маркази таваҷҷуҳи ҳозирин қарор гирифт.
Ҳамоишро лаҳзаҳои мусиқии рангину зебои оҳангсози ҷавон, донишҷӯи Консерваторияи Подшоҳии Белгия Ҷаннат Ҳусейнзода зеб доданд.
Инчунин 27 ноябр дар шаҳри Қоҳира бо ҳузури ҳамватанони муқими Миср бахшада ба ин санаҳои муҳим ҷамъомади идона баргузор гардид.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Қосимӣ аз шебу фарози таърихи муосири давлати ҷавони Тоҷикистон, нақши боризи Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ ва ҷонбозиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу созиш ва наҷоти Ватан аз вартаи нобудӣ, дастовардҳои шоёни таҳсин дар роҳи таҳкими давлату давлатдории миллӣ ёдовар шуда, ҳозиринро ба қадрдонӣ аз ин дастовардҳо ва саҳмгузорӣ дар муаррифии давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ даъват намуд.
Зимни ҷамъомад ба ҳозирин ҳамчунин филми мустанади таърихӣ намоиш дода шуд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода 25 ноябр дар суханронии худ ба муносибати 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ташаккули асосҳои ҳуқуқии давлат дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин якчанд ташаббусҳои байналмилалии кишвар, аз ҷумла натиҷаҳо ва аҳамияти «Раванди оби Душанбе» ва ҷараёни омодасозии Конфронси оби СММ, ки моҳи марти соли 2023 дар Ню-Йорк баргузор мешавад, таъкид намуд.
Барномаи рангини консертӣ бо мусиқии мардумӣ ва рақсҳои устодони санъати Тоҷикистон сурат гирифт. Ҳамчунин намоишгоҳи васеъ ташкил карда шуд, ки он имконияти хубро ба тамошобинон барои саёҳати таърихию фарҳангӣ ба Тоҷикистони офтобӣ фароҳам оварда, бо гуногунии анъанаҳои кишвар, ҳунарҳои мардумӣ, осори муосири санъат, либосҳои миллӣ ва таомҳои нотакрори тоҷик шинос гардонид.
Дар чорабинӣ муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Хоҷамурад Гелдимуродов, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, намояндагони доираи санъату ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои Туркманистон, намояндагони корпуси дипломатии муқими Туркманистон, намояндагони васоити ахбори омма, инчунин ҳамватанони муқими Ашқобод ширкат варзиданд.
Акс: ВКХ ҶТ
















Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид






