Дар Душанбе масъалаи танзим ва ҳисоби шаффофи тарифи неруи барқ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 21.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр муовини якуми Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбонзода бо ҳайати соҳаи энергетикии Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин хадамот.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои танзим ва ҳисоби шаффофи тарифи неруи барқ, муайян намудани тарифҳои имтиёзнок барои қишри осебпазири аҳолӣ бо мақсади ҳимояи онҳо аз таъсири манфии афзоиши тарифҳои неруи барқ ва саҳми шуъбаи танзими соҳаи энергетикаи барқии Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар самти танзими соҳа баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо идомаи ҳамкориро дар самти ҷалб намудани маблағҳои иловагии сармоягузорӣ барои солимгардонии вазъи молиявии соҳа, таҳкими иқтидори дастурдиҳии мақоми танзими соҳаи энергетикаи барқӣ ва дигар масъалаҳои соҳаи энергетикаи барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуданд.
АКС: Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






