Дар Душанбе оид ба вазъият ва дурнамои бахши китобҳои нодир дар ҷаҳони муосири иттилоотӣ ҳамоиш доир шуд

Ноябрь 23, 2022 14:12

ДУШАНБЕ, 23.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ташаббуси шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ дар мавзӯи «Вазъият ва дурнамои бахши китобҳои нодири китобхонаҳо дар ҷаҳони муосири иттилоотӣ» ҳамоиш доир шуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Директори китобхона Ҷумъахон Файзализода иброз дошт, ки дар тамоми китобхонаи ҷаҳон китобҳои нодир нигаҳдорӣ мешаванд. Дар Китобхонаи миллӣ низ китобҳои нодире мавҷуданд, ки муҳимтарин сарчашмаҳои онҳо адабиёти таърихӣ ва мардумшиносӣ мебошанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки китобҳои нодиру таърихиро бо дарки баланди масъулият ва худшиносӣ аз сари нав бо тарзу усули замонавӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои муаррифии онҳо чораҳои зарурӣ амалӣ намоем.

Дар ҳамоиш маърузаҳои устоди Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон Сайдалӣ Муҳиддинов дар мавзӯи «Зарурати созмондиҳии фондҳои депозитарӣ дар китобхонаҳои ҷумҳурӣ», Директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии АМИТ Шодимуҳаммад Сӯфизода оид ба «Китоби нодир дар ҷаҳони муосир: интихоб, нигоҳдорӣ ва истифодаи он», сармутахассиси Маркази тоҷикшиносии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» Ҷӯрабой Раҷабов дар мавзӯи  «Мафҳуми китоб дар фарҳанги мардуми тоҷик» шунида шуданд.

Зикр гардид, ки Шуъбаи нигаҳдории депозитарӣ яке аз сохторҳои асосии МД «Китобхонаи миллӣ» ба шумор рафта, 1 январи соли 1977 дар собиқ Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ ташкил шудааст. Сипас дар бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон шуъбаи мазкур аз нав бо шароити хуби замонавии хизматрасониву нигоҳдорӣ таъмин гардид.

Фонди шуъба тавассути феҳристи умумии китобхона ва феҳристи алифбоиву рақамии он ба хонандагон муаррифӣ мегардад. Дар шуъба асарҳои аз солҳои  1700 то соли 2015 нашршуда ҳифзу нигоҳдорӣ мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки таркиби фонди шуъба аз маводи шакли чопӣ: китобу маҷаллаҳо ва рақамҳои изографӣ (мусаввараҳо)- китобҳои калонҳаҷм ва хурдҳачм иборат аст. Ин сарчашмаҳо аз ҷиҳати мазмун камдархостшаванда буда, қимати баланди илмӣ доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 23, 2022 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шуд
11 феврал дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар ноҳияи Шаҳринав 947 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад