Дар Душанбе пас аз навсозӣ осорхонаи зери муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ мешавад

Ноябрь 29, 2022 11:17

ДУШАНБЕ, 29.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Осорхонаи Исмоили Сомонӣ дар зери муҷассамаи майдони «Дӯстӣ» пас аз навсозӣ дарҳои худро ба рӯи меҳмонон боз мекунад. Дар ин бора «Азия-Плюс» бо истинод ба намояндаи ҶДММ «Меъмор ва сохтмон» ва масъули ин сохтмон Носирҷон Абатов хабар додааст.

«Пас аз анҷоми таъмир ин иншоот ҳамчун осорхона барои меҳмонон боз мегардад. Дар он тамоми нигораҳои марбут ба аввалин амири давлати Сомониён — Исмоили Сомонӣ ҷамъоварӣ карда мешаванд», — зикр кард ҳамсуҳбат.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар дохили осорхона корҳои навсозии шабакаҳои обрасонӣ ва ҳавополоӣ анҷом дода шудаанд. Инчунин корҳо дар атрофи осорхона давом доранд.
Бояд гуфт, ки корҳои таъмирӣ то охири моҳи марти соли 2023 ба анҷом расонида мешаванд.

Маҷмааи ёдгории мусолиҳаи миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва муҷассамаи Исмоили Сомонӣ соли 1999 дар майдони Дӯстии Душанбе ба ифтихори 1100-солагии давлати Сомониён ифтитоҳ шуда буданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 29, 2022 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд