Дар Истаравшан ғолибони озмунҳо ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ қадрдонӣ шуданд
ИСТАРАВШАН, 13.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода 11 ноябр ҷоизадорони Чемпионати ҷаҳон ва Тоҷикистон, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман», «Ҳунарманди беҳтарин» ва олимпиадаи байналмилалии «Дониш» дар шаҳри Анталияро ба ҳузур пазируфт, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан.
Тавре қаблан иттилоъ дода шуд, 9 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Истаравшан, ки дар Маркази забономӯзии «Ҷаҳонро биомӯз» таҳсил мекунанд, дар даври ниҳоии Олимпиадаи байналмилалии «Дониш» дар шаҳри Анталия ширкат варзида, 1 нафар ҷои якум, 5 нафар ҷои 3 ва 4 нафар ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд.
Ҳамзамон дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ ва дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кикбоксинг WAKO миёни бонувон баргузор гардид, ки дар ин мусобиқаҳои бонуфуз варзишгарони шаҳри Истаравшан бо маҳорату истеъдоди фавқулодаи худ қувваозмоӣ намуданд. Дар натиҷа, варзишгарон Алпомиш Ҳамроқулов ва Шаҳром Баҳодурзода сазовори ҷойи якум ва соҳиби медали тилло дар вазни 50 ва 77 кг дар чемпиони ҷаҳон гардида, Ороста Турсунова бо роҳбарии устодаш Эркин Казаков сазовори унвони Чемпиони Тоҷикистон оид ба кикбоксинг — WAKO дар вазни 48 кг гардид.
Дар озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди беҳтарин» аз шаҳри Истаравшан ҳунарманд-кордсоз Иброҳим Мирзозода дар номинаи «Коркарди металл» сазовори дипломи дараҷаи якум ва ҷоизаи «Ҳунарманди сол — 2022» гардид.
Дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» роҳбари мусиқии ансамбли шашмақомсароёни шаҳр Азимҷон Аҳроров дар жанри анъанавии «Номинаи сарояндагӣ» миёни ҷавонони аз 18 то 40-сола сазовори ҷойи аввал, диплом ва ҷоизаи озмун ба маблағи 35 000 ҳазор сомонӣ шуд.
Зимни суҳбат Раиси шаҳри Истаравшан ғолибони мусобиқаву олимпиадаи байналмилалӣ ва чемпионати Тоҷикистонро бо дастовардҳои навбатӣ табрик гуфт, иброз дошт, ки мебояд кӯшиш ба харҷ дод, то байни ҷавонону наврасон дастовардҳои парчамбардорони тоҷик муаррифӣ ва сафи чунин варзишгарони асилу ҷавонони боистеъдоду эҷодкор зиёд гардад.
Дар фарҷом аз ҷониби Раиси шаҳри Истаравшан ҷоизадорони чемпионати ҷаҳон ва Тоҷикистон, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Ҳунарманди беҳтарин» ва олимпиадаи байналмиллали «Дониш» дар шаҳри Анталия бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






