Дар Кӯлоб Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил гардид

Ноябрь 3, 2022 13:32

ДУШАНБЕ, 03.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.

Пеш аз оғози ҷамъомад дар назди майдони марказӣ маросими қадрдонии ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ва «Илм- фурӯғи маърифат» бо иштироки Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳру минтақаи Кӯлоб, сарварони муассисаҳои оливу касбӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар меҳмонону зиёиёни шаҳри Кӯлоб баргузор гардид. Ба ғолибон Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.

Сипас ҷамъомади идона бо роҳпаймоии ҳазорон нафар фаъолону собиқадорони меҳнат ва кормандони касбу кори гуногун бо шиору овезаҳои тараннумгари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз майдони марказӣ то Қасри фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳими шаҳри Кӯлоб идома ёфт.

Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода изҳор дошт, ки Иҷлосияи таърихии ХVI Шурои Олии Тоҷикистон дар қатори дигар хизматҳои бузурги худ инчунин баҳри эҷоди Конститутсияи нав замина гузошт. Зеро ғояи меҳварие, ки дар ҳамин иҷлосия баён гардид, баъдан аз ҷониби Комиссияи конститутсионӣ ба Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр ворид карда шуд. 6 ноябри соли 1994 ҷиҳати қабул онро дар раъйпурсии умумихалқӣ ба мардум пешниҳод карданд ва бо аксарияти овозҳои шаҳрвандони мамлакат пазируфта шуд.

Зикр шуд, ки Конститутсия ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқҳоро ба зиндагӣ, дахлнопазирии шахсият, ҳимояи судӣ, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ, доштани моликият ва мерос, ташкили оила, ҳифзи саломатӣ, таъминоти иҷтимоӣ, таҳсил, меҳнат, истироҳат ва ғайра дод. Ин санади муҳим заминаҳоро барои давлатдорӣ ба вуҷуд оварда, чаҳорчӯбаи фаъолияти онро муайян намуд, ки бо назардошти шароити иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, таърихӣ ва миллии ҳаёти мамлакат онҳо рушду такмил дода мешаванд.

«Маҳз ба туфайли ҳамин ҳуҷҷати муҳим ҳоло дар ҷумҳурӣ низоми муташаккилу устувори сиёсӣ ташкил карда шудааст. Мояи  қаноатмандиву ифтихор аст, ки коршиносони ташкилоти бонуфузи байналмиллалӣ Конститутсияи мамлакати моро яке аз беҳтарин дар ҷаҳон донистаанд»,-изҳор намуд Бахтиёр Назарзода.

Дар ҷамъомад раиси Суди шаҳри Кӯлоб Шарифхон Раҳмонзода, профессори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Абдулло Маҳмуд иброз доштанд, ки  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминагузори низоми нави давлатдории миллӣ, таҳкимбахши нақш ва мақоми ҳокимияти давлатӣ дар ҷомеаи имрӯзаи мамлакат ва арсаи байналмилалӣ, инчунин таъминкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун ва адолати судиву иҷтимоӣ мебошад.

Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он мардуми ҷумҳуриро ба созандагиву бунёдкорӣ, дигаргуниҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ роҳнамоӣ кард.

Дар ҷамъомад аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсия як гурӯҳ фаъолони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идораҳои давлатӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ва минтақаи Кӯлоб барои фаъолияти пурсамар дар роҳи пешбурди меҳнати содиқона ба нафъи давлату миллат ва саҳмгузорӣ дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо Ифтихорнома ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Ноябрь 3, 2022 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсияҳои муфид пешниҳод менамояд
Дар Суғд ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал», «Тозагии шоҳроҳ» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуданд
Оид ба нақши Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар рушди илм ва маориф конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 октябр, якшанбе, 299-умин рӯзи соли 2025 аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Сохторҳои буҷетии ноҳияи Сангвор ба мавсими сармо пурра омода мебошанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вобаста ба таъмини бехатарии радиатсонӣ машварат баргузор шуд
Нақши ниҳодҳои ҷамъиятӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Ба кӯдакони Муассисаи томактабии хусусии «Оиша»-и ноҳияи Восеъ бо се забон таълим дода мешавад