Дар Конибодом ба занону духтарони маъюб ҳунари қуроқдӯзӣ омӯзонида шуд
ДУШАНБЕ, 07.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Конибодом давраҳои омӯзишии ройгони қуроқдӯзӣ бо муваффақият ва натиҷаҳои назаррас ба анҷом расиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Омӯзиши мазкур барои занону духтарони маъюб ва аз табақаи осебпазирии ҷомеа бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии занони маъюби «Сафои Конибодом» дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани мақоми иҷтимоии шахсони дорои маъюбият дар вилояти Суғд» ташкил карда шуд.
Лоиҳаи мазкур аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Финляндия дастгирӣ шуда, дар ҳамкории бевосита бо Ассотсиатсияи халқҳои Осиёи Миёна «Yulduz.ru» татбиқ гардида истодааст.
Яке аз мақсадҳои лоиҳа ва ТҶ «Cафои Конибодом» фаъол гардонидани занону духтарони маъюб ва занон аз оилаҳои ниёзманд мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






