Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бинои нави бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 03.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бинои нави хуштарҳу замонавии бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия Саодатбибӣ Сироҷзода иттилоъ дод.
Дар маросими ифтитоҳи он Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ иштирок намуданд.
Бинои хуштарҳу замонавии бахши САҲШ аз ҳуҷраҳои бойгонӣ, роҳбарият ва анбор иборат буда, дар китобхонаи он асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, теъдоди зиёди осори назмию насрии адибони маъруфи тоҷик, адабиёти ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастурҳои соҳавӣ мавҷуданд.
Аз ин махзани илму маърифат кормандони бахши САҲШ-и ноҳия ва сокинони шаҳр баҳрабардорӣ мекунанд.
Зикр гардид, ки толори ақди никоҳ барҳаво буда, вобаста ба маросими баргузоршаванда оро дода шудааст.
Дар толори мазкур барои қайди ақди никоҳи навхонадорон шароити муосир фароҳам мебошад.
Ҳамзамон кормандон бо равзанаи нави электронӣ шаҳрвандон ва корафтодагонро тибқи баргаки навбати электронӣ қабул намуда, талаботи онҳоро қонеъ мегардонанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






