Дар ноҳияи Рӯдакӣ давраи омӯзишӣ ва мулоқот бо наваскарон баргузор шуд

Ноябрь 5, 2022 10:12

ДУШАНБЕ, 05.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази таълимии қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба омода намудани ҳайати сарбозон аз ҳисоби ҳайати шахсии ҳарбӣ машғулият гузаронида шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Хизматчиёни ҳарбӣ дар заминаи ин маркази таълимӣ давраи омӯзишии умумӣ бо унсурҳои тайёриҳои махсусро хатм карданд.

Тайёрӣ аз ду марҳила иборат буд. Марҳилаи аввал назариявӣ буда, зимни хизмати аскарӣ аз худ кардани дониш, малака ва маҳорати ҳарбиро дар бар мегирифт.

Марҳилаи дуюм дар амал гузаронида шуд.

Дар охири давраи омӯзишӣ комиссияи махсус аз хизматчиёни ҳарбӣ имтиҳон қабул кард. Хатмкунандагони мактаби сержантӣ ба вазифаҳои сержантӣ барои тайёр кардани мутахассисони хурд дар қисмҳои низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таъйин карда мешаванд.

Ғайр аз ин бо наваскарони даъвати тирамоҳӣ вохӯриҳо гузаронида шуданд. Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки дифоъ аз Ватан қарз ва шарафи ҳар шаҳрванд аст.

Дар ҷараёни машғулият ба сарбозон принсипҳои кори идораи наҷот фаҳмонида шуд. Бо хизматчиёни ҳарбӣ дарсҳои педагогӣ ва ҳуқуқӣ гузаронида шуданд.

Акс: КҲФ ва МГ

Ноябрь 5, 2022 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
Даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ аз моҳи октябр оғоз мегардад
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид