Дар Шуғнон аз номи Пешвои миллат ба оилаи аз офати табиӣ зарардида калиди хонаи нав супорида шуд

Ноябрь 16, 2022 14:21

ДУШАНБЕ, 16.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр аз номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокини Ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон Асанбек Бекназаров, ки сохтмони манзили истиқоматиаш ба анҷом расид, калиди хонаи нав тақдим карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар  доданд.

Хонаи бунёдгардида дорои 3 ҳуҷра, ошхона, ҳаммом бо масоҳати умумии 146 16 м2 буда, бо тамоми ҷиҳози рӯзгор ва шароити зиндагӣ таъмин мебошад.

Дар маросими супоридани калиди хона Раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода ва Директори генералии ширкати «Помир Энерҷӣ» Амрихон Раҳимов иштирок намуда, дар вазъияти тантанавӣ калиди хонаро ба соҳибаш супориданд.

Ёдовар мешавем, ки 16 марти соли  равон дар деҳаи Паҳшори ноҳияи Шуғнон дар натиҷаи бориши барфу борони зиёд ва омадани тарма хонаи истиқоматии шаҳрванд Асанбек Бекназаров пурра хароб шуда буд. Ҷараёни корҳои бунёдкориву ободонӣ зери таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат қарор гирифта буд.

Манзили нави истиқоматӣ барои оилаи зарардида дар муҳлати кӯтоҳтарин сохта шуд.

Соҳиби хонаи навбунёд аз ин амалҳои башардӯстонаи роҳбарияти олии мамлакат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва ширкати «Помир Энерҷӣ» изҳори хушнудӣ намуда, ҷиҳати дастгирӣ ва расонидани кумакҳои инсондӯстона ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуданд.

АКС: МИҲД н. Шуғнон

Ноябрь 16, 2022 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад