Дар ТОП-10 кишваре, ки русҳо мехоҳанд соли навро таҷлил кунанд, Тоҷикистон ҷои дуюмро гирифт
ДУШАНБЕ, 16.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Коршиносон самтҳои парвозҳои ҳавоии миёни русҳо маъруфро дар соли нави мелодӣ ном бурданд, ки миёни онҳо Тоҷикистон низ ҳаст. Ба иттилои маркази хизматрасонии «Tutu.ru», 7,3% муштариён дар соли нави мелодӣ ба кишварҳои ҳамсоя ва 2,9% ба кишварҳои хориҷӣ чипта харидорӣ кардаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҳамин ҳол камтар аз 1%-и русҳо дар рӯзҳои таҷлили соли нав ба Аврупо ва 88,9%-и дигар ба саросари Россия сафар хоҳанд кард. «Аз ҳама серталабтарин самтҳои хориҷӣ дар рӯзҳои таҷлили соли нав Узбекистон (17% аз тамоми фармоиши чиптаҳои ҳавопаймоӣ ба хориҷа), Тоҷикистон (12%) ва Арманистон (11,2%) буданд»,- сегонаи беҳтаринро мисол овардааст хадамоти сайёҳӣ.
Илова бар ин, Беларус, Қирғизистон, Туркия, Озарбойҷон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қазоқистон ва Исроил ҳамчун кишварҳои маъруф боқӣ мемонанд. Нархи миёнаи чипта барои парвоз ба кишварҳои ҳамсоя тақрибан 13,7 ҳазор рубл ба як самтро ташкил медиҳад. Дар мавриди сафар дар дохили Россия аксари парвозҳо дар рӯзҳои таҷлили соли нав ба Москва (19,8%) ва Санкт-Петербург (11,2%) ба нақша гирифта шудаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид






