Дар ТОП-10 кишваре, ки русҳо мехоҳанд соли навро таҷлил кунанд, Тоҷикистон ҷои дуюмро гирифт

Ноябрь 16, 2022 09:47

ДУШАНБЕ, 16.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Коршиносон самтҳои парвозҳои ҳавоии миёни русҳо маъруфро дар соли нави мелодӣ ном бурданд, ки миёни онҳо Тоҷикистон низ ҳаст. Ба иттилои маркази хизматрасонии «Tutu.ru», 7,3% муштариён дар соли нави мелодӣ ба кишварҳои ҳамсоя ва 2,9% ба кишварҳои хориҷӣ чипта харидорӣ кардаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҳамин ҳол камтар аз 1%-и русҳо дар рӯзҳои таҷлили соли нав ба Аврупо ва 88,9%-и дигар ба саросари Россия сафар хоҳанд кард. «Аз ҳама серталабтарин  самтҳои хориҷӣ дар рӯзҳои таҷлили соли нав Узбекистон (17% аз тамоми фармоиши чиптаҳои ҳавопаймоӣ ба хориҷа), Тоҷикистон (12%) ва Арманистон (11,2%) буданд»,- сегонаи беҳтаринро мисол овардааст хадамоти сайёҳӣ.

Илова бар ин, Беларус, Қирғизистон, Туркия, Озарбойҷон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қазоқистон ва Исроил ҳамчун кишварҳои маъруф боқӣ мемонанд. Нархи миёнаи чипта барои парвоз ба кишварҳои ҳамсоя тақрибан 13,7 ҳазор рубл ба як самтро ташкил медиҳад. Дар мавриди сафар дар дохили Россия аксари парвозҳо дар рӯзҳои таҷлили соли нав ба Москва (19,8%) ва Санкт-Петербург (11,2%) ба нақша гирифта шудаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 16, 2022 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи сайёҳӣ густариш меёбад
Беш аз 100 корманди меҳмонхонаҳои Душанбе малакаю таҷрибаашонро такмил медиҳанд
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум оғоз гардид
Имрӯз иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Ҳайати экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё -2025» ба шаҳри Истаравшан омад
Пагоҳ иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ Созишнома ба имзо расид
Дар баъзе аз кӯчаҳои пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ карда мешавад
Имсол ба вилояти Хатлон беш аз ним миллион сайёҳ ворид гардидааст
DITE-2025. Бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ Душанбе ба маркази сайёҳии минтақа табдил меёбад
Байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Қирғизистон 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расид