Доир ба баланд бардоштани савияи дониши оморӣ дар Хатлон машварат доир шуд
ДУШАНБЕ, 01.11.2022. /АМИТ «Ховар/. Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон чанде қабл бо иштироки мутасаддиёни раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он оид ба пешниҳоди ҳисоботи оморӣ машварат доир шуд. Ҳамоиши мазкур дар доираи лоиҳаи «Таҳкими омори демографӣ», ки аз ҷониби Хазинаи аҳолии СММ маблағгузорӣ мешавад, бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Хазинаи паст намудани сатҳи камбизоатӣ» баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ТҶ «Хазинаи паст намудани сатҳи камбизоатӣ» иттилоъ доданд, ҳадаф аз баргузории ҳамоиши мазкур — ин баланд бардоштани савияи дониши омории мутасаддиёни раёсату шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии вилоят ҷиҳати сари вақт ва дуруст пешниҳод намудани ҳисоби омории соҳаи маориф ва илм мебошад.
Дар он оид ба Барномаи компютерии САИ «Системаи автоматикунонии иттилоотӣ», нишондиҳандаҳои Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва талаботи нав ба САИ «Системаи автоматикунонии иттилоотӣ» маърӯзаҳо пешниҳод гардиданд.
Ҳамзамон доир ба ин мавзӯъҳо аз ҷониби иштирокчиён корҳои амалӣ гузаронида шуданд.
АКС: ТҶ «Хазинаи паст намудани сатҳи камбизоатӣ»








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






