Доир ба идоракунии ҳайат дар замони муосир машғулият гузаронида шуд

Ноябрь 13, 2022 08:36

ДУШАНБЕ, 13.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр барои кормандон-хизматчиёни давлатии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Идоракунии ҳайат дар замони муосир» машғулияти идоравӣ гузаронида шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳадаф аз ташкили машғулият дар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ- ин баланд бардоштани донишҳои касбӣ ва қобилияти кории хизматчиёни давлатӣ буда, шунавандагон хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ мебошанд.

Омӯзиши идоравӣ ҳар моҳ ба роҳ монда мешавад. Номгӯи мавзӯъҳои омӯзишӣ барои хизматчиёни давлатӣ иборат аз масъалаҳои мубрам буда, барои рушди низоми идоракунии давлатӣ ва тақвияти малакаҳои касбии хизматчиёни давлатӣ пешбинӣ гардидааст.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 13, 2022 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд