Ҳендболбоздухтарони тоҷик дар Чемпионати Осиё ҷойи дуюмро сазовор шуданд

Ноябрь 29, 2022 13:40

ДУШАНБЕ, 29.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20-28 ноябр дар шаҳри Намангони Узбекистон Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба ҳендбол миёни ҷавондухтарон ва ҷавонписарони то 18-сола баргузор шуд, ки ба он аз Тоҷикистон дастаи мунтахаби бонувон сафарбар гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба ҳендбол дар ин мусобиқа сазовори ҷойи дуюм шуд.

Мусобиқа тибқи системаи даврӣ баргузор шуда, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Федератсияи ҳендболи Тоҷикистон Муҳаммадфарид Мирзоҳодиев чор бозӣ анҷом дод.

Ҳендболбоздухтарони ҷавони мо дар се бозӣ ба муқобили дастаҳои Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон пирӯз шуда, аз дастаи Узбекистон шикаст хӯрданд ва ҷои дуюмро сазовор гаштанд.

Дар мусобиқа миёни духтарон дастаи Узбекистон ҷои аввал ва дастаи Қирғизистон ҷои сеюмро мушарраф шуданд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Ноябрь 29, 2022 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад