ФЕДЕРАТСИЯИ МУҲОРИБАҲОИ ОМЕХТАИ ОСИЁ ТАЪСИС ЁФТ. Дафтари марказии он дар Душанбе ҷойгир мешавад

Ноябрь 29, 2022 10:57

ДУШАНБЕ, 29.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, аз 27 то 30 октябр дар шаҳри Душанбе Чемпионати Осиё оид ба санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ (ММА) баргузор гардид, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳнамоии Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (TAJMMAF) мақоми аввалро касб кард. Варзишгарони тоҷик 9 медали тилло, 8 нуқрагӣ ва 18 биринҷӣ ба даст оварданд.

29 октябр дар Холдинги варзишии «DOROB» возӯрии аъзои федератсияҳои кишварҳои Осиё баргузор гардид, ки дар он созмони нав — Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Осиё (AMMAF) ташкил карда шуд. Дафтари марказии AMMAF дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷойгир хоҳад шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дар варақаи матбуотии TAJMMAF гуфта шудааст.

Президенти IMMAF Керрит Браун ва директори осиёии Шӯрои директорон Виссам Аби Надер санадеро имзо ва пешниҳод карданд, ки тибқи он Федератсияи ММА-и Осиё ба таври расмӣ ҳамчун созмон ҳуқуқ пайдо менамояд.

Тибқи ҳуҷҷат, ҳадафи AMMAF аз он иборат аст, ки аъзои он дар рушди MMA ба ҳамдигар кумак расонанд. Ба уҳдадориҳо риояи Кодекси рафтори IMMAF, риояи арзишҳо ва принсипҳо, аз қабили ҳифз, рушд ва пешбурди арзишҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ MMA дар саросари ҷаҳон ва пешгирии ҳама гуна амалҳое, ки адолатнокии мусобиқотро зери хатар қарор дода ё сабаби пайдоиши фасод дар варзиш мегарданд, шомил шудаанд.

Муҳаммад Қамбар (Баҳрайн) раиси Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Осиё таъйин шуд. Ба вазифаи ноиби якуми президенти AMMAF чанд номзад пешбарӣ шуда буданд. Зимни баррасиҳо ва овоздиҳии умумӣ миёни аъзои федератсияҳо президенти TAJMMAF Даврон Ҷӯраев ноиби аввали президенти Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Осиё таъйин гардид. Намояндаи дигари Тоҷикистон Фаррух Халимов (TAJMMAF) дабири кулли AMMAF таъйин шуд.

Ҳамчунин миёни федератсияҳои ММА-и Тоҷикистон, Ҳиндустон ва Эрон ёддоштҳои ҳусни тафоҳум ба имзо расиданд.


Таҳти роҳбарии AMMAF чунин кишварҳои узви IMMAF қарор доранд:

Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Баҳрайн, Департаменти ММА-и Федератсияи бокси Чин, Федератсияи ММА Ҳонконг (Чин), Федератсияи миллии варзиши ММА-и Ҳиндустон, Кумитаи ҳунарҳои размии Индонезия, Ассотсиатсияи MMA-и Эрон, Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Ҷопон, Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Урдун, Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Қазоқистон, Ассотсиатсияи ММА-и Кувайт, Федератсияи ММА-и Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи ММА-и Лубнон, Ассотсиатсияи муҳорибаҳои омехтаи Малайзия, Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Муғулистон, Конфедератсияи миллии ҳунарҳои размии Непал, Санъати муҳорибаҳои омехтаи Покистон (PAKMMA), Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Филиппин, Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Арабистони Саудӣ, Федератсияи MMA-и Кореяи Ҷанубӣ, Федератсияи MMA-и Шри-Ланка, Ассотсиатсияи муҳорибаҳои омехтаи Тайбейи Чин, Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (TAJMMAF), Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Тайланд (TMMAF), Федератсияи Ҷиу-Ҷитсу ва муҳорибаҳои омехтаи АМА, Ассотсиатсияи муҳорибаҳои омехтаи Узбекистон, Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Ветнам.

Акс: TAJMMAF

Ноябрь 29, 2022 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд