ФУТБОЛ. «Истиқлол» миёни дастаҳои Лигаи олӣ пеш аз муҳлат чемпиони Тоҷикистон гардид
ДУШАНБЕ, 08.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии даври 20-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ бар дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда, маротибаи 11-ум чемпиони мамлакат шуд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Бозиҳои даври 20-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 4-6 ноябр дар варзишгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд баргузор шуданд. Голи ягонаро дар бозии гурӯҳи «А» миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар Алиҷон Кароматуллозода ба нишон расонид. Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар сафар дастаи КМВА-и шаҳри Душанберо бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Голҳоро Комрони Мирзохон ва Абдухалил Боронов ба ҳадаф расониданд.
Дар гурӯҳи «В» дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бар «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:1, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бар «Истаравшан» бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуданд.
Пас аз натиҷагирии 20 даври бозиҳо дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар ҷадвали мусобиқа бо 42 хол дар ҷои аввал аст. Дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо 10 хол камтар (32) дар ҷои дуюм, «Хатлон»-и шаҳри Бохатар бо 31 хол дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.
Бозиҳои даври 21-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 9-11 ноябр ба нақша гирифта шудаанд.
9 ноябр дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо КМВА-и шаҳри Душанбе, 10 ноябр дастаҳои «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Истаравшан»-и шаҳри Истарвшан, 11 ноябр дастаҳои футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода вомехӯранд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






