ФУТБОЛ. «Истиқлол» унвони Чемпиони Тоҷикистонро соҳиб шуд
ДУШАНБЕ, 24.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар ҷадвал ду ҷои охирро ишғол карданд ва дар мавсими оянда ба Лигаи якум мегузаранд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар бозии даври 23-юми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар гурӯҳи «В» дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан аз дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 0:2, дастаи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод аз дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрданд.
Дар гурӯҳи «А» бозиҳои даври 22-юм сурат гирифта, дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бар дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 ва дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бар дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 3:0 ғалаба карданд.
Пас аз натоиҷи бозиҳои даври 22-юми Чемпионати Тоҷикистон-2022 дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб барои худ мақомҳои ифтихориро кафолат дод. Дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо 35 хол феълан дар ҷойи дуюми ҷадвал қарор дорад ва дар ҳар сурат дигар аз зинаи сеюм поён намефарояд. Дар сурати мусовӣ ё пирӯзии дастаи «Хатлон» дар бозии даври ниҳоӣ бо дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар мақоми дуюмро мегирад ва дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб соҳиби медалҳои биринҷӣ мешавад. Дар сурати пирӯзии дастаи «Хуҷанд» бар дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон-2022 ва дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд барандаи медалҳои биринҷӣ мегарданд.
Ба футболбозон, мураббиён ва роҳбарияти дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, ки пеш аз муҳлат дар Чемпионати Тоҷикистон-2022 пирӯзӣ ба даст оварданд, пас аз бозӣ бо дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 ҷоми чемпионӣ ва медалҳои тилло тақдим карда шуданд.
Қобили зикр аст, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе маротибаи ёздаҳум дар таърихи худ медалҳои тиллои Чемпионати Тоҷикистонро ба даст овард.
Ёдовар мешавад, ки қаблан дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020 ва 2021 чемпиони Тоҷикистон шуда буд.
Акс: ФФТ








Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид






