ҲХДТ варзишгарони маъруфро, ки дар мусобиқоти байналмилалӣ Парчами Тоҷикистонро баланд барафрохтанд, қадрдонӣ намуд

Ноябрь 23, 2022 17:01

ДУШАНБЕ, 23.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш се нафар варзишгарони мумтози мо дар бонуфузтарин мусобиқоти байналмилалӣ – чемпионати ҷаҳон (Темур Раҳимов — қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи дзюдо, Муллораҷаб Халифаев – барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон, Шавкат Раҳимов – қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи бокс дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб) ширкат варзида, Парчами Тоҷикистонро баланд барафрохтанд. Имрўз зимни баргузории ҳамоиши тантанавӣ муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ аз номи ҳамаи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ба парчамбардорони далери кишвар, варзишгарони номӣ, чемпионҳои ҷаҳон ва дигар мусобиқоти гуногуни байналмилалӣ Беҳрӯзи Хоҷазода, Хушқадам Хусравов, Акмалиддин Каримов, Муллораҷаб Халифаев ва Эмомалии Нуралӣ туҳфаҳои арзишманд, мукофоти пулӣ, туҳфаҳои хотиравӣ ва «Сипоснома» тақдим намуд.

Ҳамоиши мазкур бо ибтикори дастгоҳи кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳти унвони «Парчами давлатӣ — рамзи худшиносӣ ва мояи ифтихори миллӣ» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва таҳлили Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

Дар ҷамъомад муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, муовини Раиси ҳизб Хайринисо Юсуфӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшо Гулзода, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмумин Раҳимов Шодӣ Сафарзода, роҳбарони як қатор ниҳодҳои давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Душанбе, аъзои Шӯрои марказии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Қабл аз оғози ҳамоиш бо садои оркестори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толор ворид гардида, Суруди миллӣ садо дод.

Раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” Оятулло Аҳмадзода ҷамъомадро ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки «Ҷаҳониён кишвари моро пеш аз ҳама аз рўи Парчами давлатӣ мешиносанд. Дар Парчами миллӣ орзую ормонҳои миллат дарҷ гардида, арҷгузориву ифтихор аз он ин эҳтиром гузоштан ба халқу Ватан мебошад. Бо барафрохтани Парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди халқу миллати хеш боло мегирад”.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ҳозиринро ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи XVI тақдирсоз ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки “инсоният дар таърихи тӯлонии хеш вобаста ба вазъу ҳолатҳои гуногун, печида ба ҳадафҳо ва азму иродааш рамзҳои зиёдеро эҷоду корбаст намудааст. Ва аз ин миён Парчам ҳамчун рамз таърихе рангинтареро дорост. Бостоншиносон истифодаи онро ҳанӯз дар солҳои то милод таъкид ва собит намудаанд».


«Соли 2009 бо ибтикори Президенти мамлакат 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид. Парчаме, ки ҳастии давлати моро, ифтихори миллии моро ифода мекунад ва гувоҳи барҷастаи истиқлолияти давлатии мо, таҷассумгари ғурури миллӣ ва ору номуси ватандории мост», -илова кард Абдуҷаббор Азизӣ.

Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб дар ситоиши Парчам шеърҳоро қироат намуд, ки кафкўбиҳои зиёди ҳозирин аз мазмуни боло доштану писанди онҳо гардидани ашъори шоир дарак медод.

Дар ҳамоиш зикр шуд, ки Парчами давлатӣ барои ҷавонони Тоҷикистон низ омили сарфарозӣ буда, онҳо дар ҳама ҷабҳаҳо зери ин рамзи давлатӣ муттаҳид мешаванд ва иқдомоти шоистаи ватандӯстонаро, аз ҷумла дар ҳимояи Ватани маҳбуб ва дифои ҳар ваҷаб хоки муқаддаси он бо ҳушёриву зиракӣ татбиқ менамоянд. Қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки ба Парчами давлатӣ — ин рамзи истиқлолу озодӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандориву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллӣ арҷ гузорем.

Дар ҷамъбасти ҳамоиш аз ҷониби ҳунармандони мумтози мамлакат барномаи рангини консертӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

АКС: Маркази матбуот ва таҳлили КИМ ҲХДТ

Ноябрь 23, 2022 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд