ХИЗМАТ БА ВАТАН — ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ! Дар Душанбе маъракаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон 100 фоиз анҷом ёфт

Ноябрь 15, 2022 09:50

ДУШАНБЕ, 15.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе маъракаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид. Дар комиссариатҳои ҳарбии чор ноҳияи пойтахт нақшаи даъват пеш аз муҳлат ба итмом расонида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола дар кишвар аз 1 октябр даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад.

Дар робита ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 2022 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар шаҳри Душанбе низ ҷавонони синни даъватӣ бо эҳсоси ватандӯстӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар пайвастанд.

Маросими гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» дар Муассисаи давлатии Амфитеатри «Аҳорун» бо тантана роҳандозӣ гардид.

Сол аз сол шароити техникии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар беҳтар мегардад, ки ин аз таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат баҳри фароҳам овардани шароити арзанда барои хизматчиёни ҳарбӣ дарак медиҳад. Ҳамаи ин имконияти фароҳамгардида насли ҷавони кишварро вазифадор месозад, ки аз хизмати Модар-Ватан саркашӣ накарда, барои ҳифзи марзу буми кишвар доимо омода бошанд.

Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизмат ба Ватан, таҳкими истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он вазифаи ҳар шаҳрванд буда, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби мардонагист. Ҷавонон маҳз дар давраи хизмати ҳарбӣ имкон доранд, ки моҳияту мафҳумҳои Ватан, давлат ва муқаддасоти миллии худро ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 15, 2022 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд