Конститутсия ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар сатҳи қонуни асосӣ таҳким бахшид

Ноябрь 3, 2022 16:24

ДУШАНБЕ, 03.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди тоҷикон ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳилаи нави рушду тараққӣ ва муаррифии кишвар ба оламиён мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини кишвар санади воқеан таърихӣ ва тақдирсози миллат буда, ба Истиқлолияти давлатии кишвар дар сатҳи қонуни асосӣ таҳким бахшид. Ин нуктаро имрӯз Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён зимни баргузории маҷлиси тантанавӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошт.

Раиси Суди Олӣ иброз намуд, ки Конститутсия ба таъсис ва рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, сохтору мақомоти давлатӣ, бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд асос гузошта, бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардид.

Конститутсия ҳамчун санади асосӣ ва муҳимтарини ҳаёти давлату ҷомеа дар пешрафти минбаъдаи кишвар асоси устувори ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда, бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона, эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ, ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодӣ, фаъолияти муътадили сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро кафолат медиҳад.

Зикр гардид, ки ин санади олии ҳуқуқӣ, воқеан ҳам мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар шаҳрванди мамлакат маҳсуб мешавад.

Дар ҷамъомади тантанавӣ ҳамчунин судяҳои Суди Олӣ ва судҳои поёнӣ зимни маърӯзаҳояшон зикр намуданд, ки 6 ноябри соли 1994 мардуми шарифи Тоҷикистон бори аввал бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ низоми давлатдории миллии худро барои оянда интихоб намуд.

Бо қабули Конститутсия миллати тоҷик ба марҳилаи сифатан нави таърихии инкишофи худ ворид шуд ва дар ҷомеаи навин дигаргуниҳои куллии соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ, ислоҳоти иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва судӣ-ҳуқуқӣ оғоз гардиданд.

Судяи Суди Олӣ Далер Холиқмуродзода иброз дошт, ки ҳокимияти судӣ рукни муҳим ва зарурии сохтори ҳокимияти давлатӣ муаррифӣ гардида, принсипи конститутсионии мустақилияти судяҳо чун яке аз талаботи асосии давлати ҳуқуқбунёд барои таъмини фаъолияти суди босалоҳият, мустақил ва беғараз дар Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда мавқеи хосса пайдо намуд. «Бешубҳа, ин санади олии ҳуқуқӣ дастоварди истиқлолият ва сутуни асосии таҳкимбахшандаи он буда, рӯзи қабули он ҳамчун яке аз санаҳои таърихӣ дар саҳифаҳои китоби давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт шуд»,-баён дошт судя.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

 АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 3, 2022 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд