Миёни Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Муассисаи фарҳангии мутолиот ва таҳқиқоти байналмилалии Теҳрон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 01.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 31 октябр дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқоти Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо Директори Муассисаи фарҳангии мутолиот ва таҳқиқоти байналмилалии Теҳрон Обид Акбарӣ баргузор гардид, ки зимни он Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегии кишвар хабар доданд.
Дар мулоқот Директори Муассисаи фарҳангии мутолиот ва таҳқиқоти байналмилалии Теҳрон Обид Акбарӣ роҳандозии ҳамкории муштараки илмӣ-таҳқиқотиро бо Маркази тадқиқоти стратегӣ муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки тавсеаи робитаҳои илмию таҳлилӣ ва пажӯҳиши муштараки масъалаҳои гуногуни минтақавӣ ва байналмилалӣ имкон фароҳам меорад, ки марказҳои зеҳнӣ тавсияҳои судмандро ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои мутақобилан судманди кишварҳояшон ироа намоянд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода дар навбати худ аз пазироии самимии ҷониби Эрон изҳори сипос намуда, рушди ҳамкории илмӣ-таҳлилиро миёни марказҳои зеҳнии ду кишвар рӯйдоди муҳим арзёбӣ намуд.
Махсус зикр гардид, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дар охири моҳи майи соли 2022 ба рушди робитаҳои дипломатӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ такони ҷиддӣ бахшид. Аз ҷумла, дар таҳкими ҳамкории илмӣ ва таҳлилӣ дар заминаи сафари мазкур миёни муассисаҳои зеҳнии ду кишвар санадҳои нав ба имзо расиданд.
Ҳамзамон иброз гардид, ки имсол ба барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон 30 сол пур гардид ва вобаста ба санаи мазкур маҷмӯи чорабиниҳои муштарак доир гардида истодаанд.
Дар раванди мулоқот ҷонибҳо аз афзоиши хатару таҳдидҳои замони муосир ва дигар мушкилоти ҷаҳонӣ ёдовар шуда, пешбурди ҳамкории илмӣ-таҳлилиро яке аз василаҳои асосии ҳалли ин мушкилот муаррифӣ намуданд.
Вобаста ба ин роҳбарони ду маркази зеҳнии Тоҷикистон ва Эрон алоқамандии худро ба тавсеаи ҳамкории илмӣ ва таҳлилӣ баён доштанд.
Зимни вохӯрӣ миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи фарҳангии мутолиот ва таҳқиқоти байналмилалии Теҳрон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ҳадаф аз имзои Ёддошти тафоҳум пешбурд ва тавсеаи ҳамкории илмӣ ва таҳлилӣ миёни ин ду ниҳоди зеҳнӣ мебошад. Имзои санади нави ҳамкорӣ имкон фароҳам меорад, ки ҷонибҳо дар самти фаъолияти илмӣ ва таҳлилӣ ҳамкории муштаракро бештар ба роҳ монанд.
Мавриди зикр аст, ки ин дуюмин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ бо марказҳои зеҳнии Эрон дар соли равон аст. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар раванди сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон миёни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Дафтари мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати умури хориҷии Эрон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расида буд.
АКС: Маркази тадқиқоти стратегӣ








Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд






