Муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳри Душанбе барои муътадил гузаронидани зимистон омодагӣ дидаанд

Ноябрь 29, 2022 16:02

ДУШАНБЕ, 29.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳри Душанбе бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи банақшагирӣ, ояндабинӣ, таҳияву иҷрои буҷет ва таъминоти моддӣ-техникии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Абдураҳим Каримов иттилоъ дод.

«Дар айни ҳол дар шаҳри Душанбе 161 адад муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, 12 адад кўдакистонҳои тобеи ташкилоту идора, 53 адад боғчаи бачагонаи хусусӣ ва 30 гурӯҳи инкишофи кӯдакон дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии буҷетӣ, 1 гурӯҳ дар назди муассисаи таълимии хусусии «Контофилд», инчунин 199 адад муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 147 муассисаи таҳсилоти умумии буҷетии шаҳрӣ (ноҳия), 10 муассисаи таҳсилоти умумии буҷетии мақоми ҷумҳуриявӣ, 12 муассисаи таҳсилоти умумии назди ташкилоту идора, 30 адад муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ фаъолият доранд»,-таъкид кард ў.

Абдураҳим Каримов иброз дошт, ки ҷиҳати сари вақт омода намудани муассисаҳои соҳаи маорифи пойтахт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 ситоди назди Сарраёсати маориф таъсис дода шудаааст, ки ба ҳайати он 13 нафар масъулин шомил гардидаанд.

«Тибқи талабот ва меёърҳои тасдиқкардашудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016 муассисаҳои таълимие, ки дорои дегхонаи автономии ангиштӣ ва печи аловӣ мебошанд, нақшаи талаботи маводи сӯзишвориро дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 зиёда аз 100 фоиз ба иҷро расониданд, аз ҷумла: захираи ангишт бо назардошти бақия ба миқдори 1545,4 тонна ангишт (102%), 1100,1 метри кубӣ ҳезум (179%), 9752 литр сӯзишворӣ (156%) ташкил медиҳад. Илова ба ин, муассисаҳои таълимӣ бо 292 адад генераторҳои барқдиҳанда таъмин буда, дар ҳолати корӣ ва бо маводи сӯзишворӣ таъмин шудаанд»,- илова кард номбурда.

Тибқи иттилои ҳамсуҳбати мо, муассисаҳои таълимии «Мактаб-интернатҳои №1, 2, 3, 4, 5 ва Хонаи кӯдакони №1 барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Душанбе, ки дар тобеияти Сарраёсати маориф қарор доранд, нақшаи талаботи захираи маводҳои сӯхтро иҷро намуда, айни замон, барои эҳтиёт 6 тонна ангишт 68,8 метри кубӣ ҳезум ва зиёда аз 660 литр сӯзишворӣ захира намуда, инчунин бо 9 адад генератор, 7 адад дегхонаҳои барқӣ, 12 адад печи аловӣ, 86 адад кондитсионер таъмин буда, тамоми синфонаҳо ва бино шишабандӣ карда шудаанд».

«Муассисаи давлатии «Хонаи кўдакони №1» ва “Мактаб-интернатҳои №1, 2, 3 бо истифода аз дегхонаи худмухтори барқӣ, Мактаб-интернати №4 бо истифода аз радиатор ва кондитсионер ва мактаб-интернати №5 бошад, бо шабакаи гармӣ пайваст буда, гармиро таъмин намуда истодаанд»,- гуфт ў.

Мавсуф илова кард, ки «шумораи муассисаҳои таълимии ба ҳудуди шаҳри Душанбе аз ноҳияи Рӯдакӣ воридгашта 33 ададро ташкил медиҳад. Мактабҳои мазкур низ барои зимистонгузаронӣ омода мебошанд. Аз ҷумла, аз шумораи умумӣ 6 адад муассиса бо истифода аз дегхонаи ангиштӣ, 24 адад бо печи аловӣ, 3 адади дигараш бо истифода аз радиатори барқӣ ва кондитсионер гармиро таъмин намуда истодаанд. Дар муассисаҳои номбурда, аз ҷумла дар ноҳияи Шоҳмансур 8 муассиса бо 171 печи аловӣ, 204 тонна ангишт, ноҳияи Сино 7 муассиса бо 143 печи аловӣ, 133 тонна ангишт ва дар ноҳияи Фирдавсӣ 9 муассиса бо 251 печи аловӣ ва 275 тонна ангишт таъмин карда шудаанд».

Вобаста ба таъминоти маводи асосии ғизо ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки ба ҳолати имрӯза муассисаҳои тобеи Сарраёсати маориф 23 тонна орд, 1 тонна равған, 3 тонна биринҷ, шакар 3 тонна, картошка 10 тонна, пиёз 4,1 тонна, сабзӣ 2 тонна, зиёда аз 1540 адад қуттии консерва ва зиёда аз 6 тонна дигар маҳсулоти донагӣ захира намудаанд.

Ба гуфтаи ў, дар самти ҷудо намудани маблағ аз ҳисоби маблағҳои озод, барзиёдии даромад нисбат ба хароҷоти буҷет ва ҷалби дигар сарчашмаҳои молиявӣ, ба роҳ мондани фаъолияти дегхонаҳо бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо гармӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 корҳои таъмирӣ ва нигоҳдорӣ ба анҷом расонида шуда, 70 адад дегхонаҳои ангиштию барқии худмухтори муассисаҳо ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 омода мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки ба ҳолати имрӯза дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе 70 дегхона, аз он 29 ададаш ангиштӣ буда, 41 адади дигараш барқӣ мебошанд, ки дар ҳолати корӣ қарор доранд. Соли ҷорӣ дар доираи 21 млн. 982 ҳазор сомонӣ корҳои омодагӣ ва таъмири ҷорӣ ба анҷом расонида шуда, ба маблағи зиёда аз 1 млн. 500 ҳазор сомонӣ захираи маводҳои сӯзишвориро ба анҷом расониданд.

Ба ҳолати имрӯза муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе захираи орд 185,5 тонна, равған 12,4 тонна, биринҷ 44,8 тонна, шакар 66,5 тонна, картошка 176 тонна, пиёз 91,2 тонна, сабзӣ 56,4 тонна ва консерваҳои қуттигӣ 14 760 адад ташкил дода, дар ин самт мушкилӣ вуҷуд надорад. Муассисаҳои таълимӣ тибқи талабот бо ширкатҳо ватанӣ, махсусан бо КВД «Хӯроки умумӣ»-и ноҳияҳо ҳамкорӣ дошта, маводи асосии ғизоиро харидорӣ ва дастрас намуда истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки ба ҳолати 28 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе 161 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 199 адад муассисаи таҳсилоти умумӣ новобаста аз шакли моликият ва 11 адад маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият доранд, ки дар умум 371 муассисаро ташкил медиҳанд. Аз ин шумора тибқи нақшаи пайвастшавӣ ба шабакаҳҳои ягонаи гармидиҳӣ 188 иншоот бо назардошти иншооти иловагии Литсейи ба номи У.Хайёми ноҳияи Сино барои қабули неруи гармӣ пешбинӣ шуда, аз ин шумора ба ҳолати имрӯза 101 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Ноябрь 29, 2022 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 26 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад