Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми дуюми марказҳои таҳлилии «Чин + Осиёи Марказӣ» иштирок намуд

Ноябрь 9, 2022 10:40

ДУШАНБЕ, 09.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр бо ташаббуси Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ва дигар марказҳои зеҳнии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми дуюми марказҳои таҳлилии «Чин + Осиёи Марказӣ» таҳти унвони «Чин ва Осиёи Марказӣ: масири нави рушди муштарак» дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.

Дар кори форум муовини Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода ва  беш аз 100 нафар коршиносону таҳлилгарони масъалаҳои сиёсӣ ва доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Парвиз Муҳаммадзода баргузории форуми мазкурро сарвиақтӣ ва муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки дар шароити имрӯз, ки мушкилот ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризму ифротгароии байналмилилалӣ, тағйирёбии босуръати иқлим, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳоли афзоишанд, баргузории чунин ҳамоишҳо дар ҳифзи суботу амният ва рушди устувори на танҳо давлатҳои минтақа, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири мусбат мегузорад.

«Дар ин раванд аз сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон ва талошу ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ёд овард. Ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи суботи минтақа, таъмини рушди устувор ва таҳкими робитаҳои судманди дипломатӣ бо ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Мардумии Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ тадбирҳои амалиро татбиқ менамояд»,-зикр намуд П. Муҳаммадзода.

Зикр шуд, ки дар шароити имрӯза мо тарҳи «Чин + Осиёи Марказӣ» – ро яке аз намунаҳои муҳими ҳамкории минтақавӣ ва имконияти нав ҷиҳати рушди умумӣ, шукуфоӣ ва устувории тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин арзёбӣ менамоем.

Парвиз Муҳаммадзода бори дигар аз мураккаб гардидани вазъи сиёсии ҷаҳон, бахусус минтақаи Осиёи Марказӣ ёдовар шуда, тақвияти ҳамкорӣ ва пешбурди ҳадафҳои муштаракро муҳим арзёбӣ  намуд.

Иштирокчиёни конфронс баҳамории стратегияҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чинро яке нуқтаҳои муҳими ҳамкорӣ барои рушди муштарак шумориданд.

Ёдовар мешавем,  ки Форуми дуюми марказҳои таҳлилии «Осиёи Марказӣ + Чин» дар шароите баргузор гардид, ки ба барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин 30 сол пур гардид.

Дар фарҷоми саммит Изҳороти муштараки сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин қабул ва нашр гардид.

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ

Ноябрь 9, 2022 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Минск таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири ҷавонон ва варзиши Миср мулоқот намуд
Дар Берлин 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Нахустин Сафири Тоҷикистон дар Салтанати Умон ба Султони Умон эътимоднома супорид
Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд
Дар Ашқобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқот намуд
Дастовардҳои 35 соли Истиқлолияти Тоҷикистон дар маҷаллаи «Оvo diplomatic»-и Эрон ба нашр расид
Дар Вашингтон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Токио 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Вена ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ доир шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд