ОБУ ҲАВО. Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф ба амал меояд

Ноябрь 19, 2022 08:10

ДУШАНБЕ, 19.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии ҷумҳурӣ борон ва барф ба амал меояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 1-6 дараҷа хунук,  рӯзона 2+7 дараҷа  гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17, дар баъзе минтақаҳо то 19-24 дараҷа хунук, рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои  тағйирёбанда ва дар водиҳо асосан бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ дар баъзе ҳолатҳо борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона  1+6 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук,  рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо баъзан бориши сусти борон дар назар аст. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши борон ва шабона барф ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5 дараҷа гарм,  рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво шабона абрнок шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд. Шабона ва саҳаргоҳон дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони бошиддат ба амал меод. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона  2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм,  рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои  абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5+7 дараҷа гарм ва рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 19, 2022 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд