ОБУ ҲАВО. Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳи Тоҷикистон сар задани зуҳуроти селӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 09.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳи вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани зуҳуроти селӣ дар назар аст. Дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда хавфи баландшавии сатҳи об боқӣ мемонад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона аз 3+8 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 4-9 то 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок шуда, дар водиҳо борон меборад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши борону барф ва дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат ба амал меояд. Рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+61 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 9 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок дар назар буда, бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони бошиддат ба амал омада, рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо бориши борон ва барфи тар ба амал меояд. Рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0+2 дараҷа гарм ва рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






