Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 15.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Рустами Эмомалӣ Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ таъсис ёфт. Дар ин бора дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Таъсиси ҷоизаи мазкур бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020 «Дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040» ва амалӣ намудани «Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2022 – 2026», ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 10 марти соли 2022 тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда мешавад.
Тавре дар Раёсати ҷавонони шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи низомномаи озмун довталабоне ҳуқуқи иштирок дар озмунро доранд, ки синнашон то 30-сола бошад.
Ҷоизаҳо аз рӯйи тартиби зайл баҳогузорӣ карда мешаванд:
-Илмҳои дақиқ – фаъолияти илмиву эҷодӣ дар самти рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ;
-Адибон (китобҳои илмӣ, бадеӣ, адабӣ, ашъор, осор);
-Рӯзноманигорон (мақолаҳо, маводи иттилоотӣ, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, гузоришҳои хабарӣ (ба корҳо дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бартарият дода мешавад);
-Санъаткорон (сарояндагӣ, раққосӣ, тарроҳӣ, ҳунармандии саҳнавӣ, расмҳои кашидаи дорои хусусияти тарбиявӣ, портрет, пейзаж, нақшу нигор ва ғайра);
— Меъморон (лоиҳаҳои сохтмонӣ, боғу гулгаштҳои фарҳангию фароғатӣ, марказҳои ҷавонон, фаввораҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ғайра, ки истифодаи онҳо ба шароити шаҳри Душанбе мувофиқ бошад).
— Техникону технологон — такмили сохти таҷҳизот ва мошинҳо, такмили конструксияҳои сохтмонӣ, бино ва иншоот, сарфаи энергия ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, такмили фаъолияти меҳнатӣ, паст кардани таъсири буҳрони молиявию иқтисодӣ, барномасозӣ, ихтироъкорӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ, компютерӣ (ба корҳо дар самти ташаккули махзани иттилоотӣ, аз ҷумла дар соҳаи ҷавонон бартарият дода мешавад);
— Инноватсияву ихтироъкорӣ (татбиқи коркардҳои инноватсионӣ дар самти рушди неруи инсонӣ, рушди инфрасохтор, амалан татбиқ кардани чор самти стратегии мамлакат, кам кардани сатҳи камбизоатӣ, бехатарии фаъолияти инсон ва экология, амалисозии усулҳои нави таълим ва тадқиқоти илмӣ, истифодаи маводи навин бар ивази маводи мавҷуда ваистифодаи технологияҳои иттилоотӣ.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд






