«ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ-РАМЗИ ҲАСТӢ ВА АСОЛАТИ МИЛЛӢ». Дар Суди Олии иқтисодӣ ҳамоиши тантанавӣ доир гардид

Ноябрь 23, 2022 14:05

ДУШАНБЕ, 23.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар мавзӯи «Парчами давлатӣ-рамзи ҳастӣ ва асолати миллӣ» ҳамоиш баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Раиси Суди Олии иқтисодӣ Рустам Мирзозода Парчами давлатиро яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосир унвон карда, зикр намуд, ки «Парчами давлатӣ таҷассуми асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштагони мо, ҳамзамон ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, эҳтиром гузоштан ба Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар узви ҷомеа маҳсуб мешавад. Зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо побарҷо бошад».

Парчами давлатӣ аз рӯзи қабул дар радифи Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ба сифати рамзи давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба сарвати муқаддаси маънавии ҷомеаи мо табдил ёфта, хурду бузург ба он бо муҳаббату садоқат нисбат ба ватан ва давлати миллии худ арҷ мегузоранд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, «мардуми Тоҷикистон ва ҷавонмардони ғаюру далери он зери Парчами миллат ба ҳам омаданд, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшиданд, ба кишвар сулҳу оромӣ ва ба сокинони мамлакат осоиш фароҳам оварданд. Давлат ба шоҳроҳи дигаргуниҳои азими сиёсиву иҷтимоӣ ва бунёдкориву созандагӣ қадамҳои нахустини устувор гузошт».

Дар ҳамоиш муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ Азизбек Хайриддинзода изҳор дошт, ки қабул гардидани Парчами давлатӣ дар давраи бисёр ҳассосу мураккаби таърихӣ барои миллати тоҷик ҷиҳати бунёди пояҳои давлати соҳибистиқлол аҳамияти калидӣ дошта, аз нахустин кӯшишҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи сарҷамъии миллат ва рафъи хатари паррокандагии он ба ҳисоб меравад.

«Эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ифодаи ифтихори миллӣ, пойдории давлат ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию таърихӣ ба ҳисоб меравад. Вазифаи мо, насли имрӯзаи миллат -дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон мебошад»,-афзуд А.Хайриддинзода.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 23, 2022 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад