«ПАРЧАМИ МИЛЛӢ — ДАЛЕЛИ СОҲИБДАВЛАТӢ». Дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Парчами Тоҷикистон далел аз соҳибдавлатӣ ва оғози сиёсати ваҳдати миллӣ, ливои тантанаи сулҳу субот буда, ҳамзамон зери сояи муқаддасаш ин миллати куҳанбунёду фарҳангсоз тавонист ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшад. Ин нукта зимни баргузории Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии «Нақши парчами давлатӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ» баён гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳамоиши мазкур бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои физика ва математика, профессор, академик Фарҳод Раҳимӣ, муовини Директори Институти АвруОсиёи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба илм ва таълим, номзади илмҳои таърих, дотсент Азимҷон Раҳмонзода, сардори Академияи ВКД Файзалӣ Шарифзода, Директори Институти таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносии ба номи А.Дониши АМИТ Абдулло Ғафуров ва дигарон ширкат варзиданд.
Сардори Академияи ВКД Файзалӣ Шарифзода иброз дошт, ки Парчами давлатӣ моро ба ҳаёти осоиштаву сулҳу субот, меҳнати фидокоронаву поквиҷдонона баҳри зиндагии арзандаву ҳимояи соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ раҳнамоӣ менамояд.
Зикр шуд, ки моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 рамзҳои давлатиро мустаҳкам менамояд, ки дар он гуфта шудааст: «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошанд». Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он раҳнамоӣ менамояд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ изҳор дошт, ки парчам дар таъриху тамаддуни миллати тоҷик мақоми шоистаро дорост ва пайдоиши он ҳамчун рамзи миллӣ ба оғози тамаддуни башарӣ рост меояд. Бинобар ин ҳар яки мо бояд парчамро ҳамчун рамзи муқаддаси миллӣ ва нишонаи давлат эҳтиром ва қадршиносӣ намоем
Ёдовар мешавем, ки 12 майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд, ки қонуни мазкур моҳият, тартиби истифодаи расмӣ ва эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди Миллиро мустаҳкам намудааст.
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






