Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Мустафо Мадбулӣ мулоқот карданд
ДУШАНБЕ, 07.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Мустафо Мадбулӣ мулоқот карданд.
Дар мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Миср, робитаҳои ду кишвар дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва рӯзномаи Конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Роҳбарияти кишвари мизбон барои даъват ҷиҳати иштирок дар кори ҳамоиши сатҳи баланд ва пазироии самимӣ изҳори сипос карданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот густариши робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузориро аз самтҳои муҳими муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ карда, фаъол намудани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматиро барои баррасӣ ва тарҳрезии ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои мавриди назар зарур шумурданд.
Дар рафти вохӯрӣ масоили тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, бахусус дар таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, истихроҷу коркарди маъданҳо, ҳамчунин энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ муҳокима карда шуд.
Зимни мулоқот масоили ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва паҳншавии ақидаҳои тундгароёна, қазияи Афғонистон, ки имрӯзҳо ба масъалаи доғ ва мавриди нигаронии тамоми ҷаҳониён гардидааст, баррасӣ гардид.









Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Тиргон
Миллат пешвоси муҳтарам Эмомали Раҳмоннинг БМТ «2027-2036 йиллар, Келажак авлодлар учун тинчликни мустаҳкамлаш халқаро ўн йиллиги» номли резолюциясининг қабул қилиниши ва Миллий бирлик куни муносабати билан табриги
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб барои бунёди корхонаи дигари истеҳсоли семент асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб ба корҳои сохтмон дар корхонаи истеҳсоли семент оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз боғи интенсивӣ дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Деҳкадаи сайёҳиро ифтитоҳ намуданд






