Пешвои миллат муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро хавфу хатари ҷиддӣ ба солимии ҷомеа ва ҳаёти одамон хонданд
ДУШАНБЕ, 10.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 9 ноябр зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи қисми ҳарбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Пешвои миллат муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро хавфу хатари ҷиддӣ ба солимии ҷомеа ва ҳаёти одамон хонданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
«Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар баробари терроризму экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб, аз ҷумлаи хавфу хатарҳои ҷиддӣ ба ҳисоб рафта, ба оромии ҷомеа ва тартиботи ҷамъиятӣ, вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, солимии ҷомеа ва ҳаёти одамон таҳдид менамояд», — тазаккур доданд Сарвари давлат.
Таъкид гардид, ки натиҷаи фаъолияти самараноки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, масъулиятшиносӣ ва малакаи баланди касбии онҳост, ки дар тӯли солҳои сипаригардида садҳо гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоб дастгир ва аз онҳо ҳазорҳо килограмм маводи мухаддир мусодира карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 20 марти соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2021 -2025 қабул шуд. Ҳадаф аз қабули стратегия- таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҳдиди маводи нашъаовар ва оқибатҳои зиёновари он, инчунин тақвияти муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, ки яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






