Раиси шаҳри Душанбе ба муштзани маъруфи тоҷик Шавкат Раҳимов калиди хонаи 2-ҳуҷрагиро дар пойтахт тақдим намуданд

Ноябрь 14, 2022 10:45

ДУШАНБЕ, 14.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муштзани маъруфи тоҷик, қаҳрамони ҷаҳон оид ба IBF (Федератсияи Байналмилалии Бокс), дастпарвари МД «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №9 оид ба бокс»-и шаҳри Душанбе Шавкат Раҳимовро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Раиси шаҳри Душанбе ин варзишгарро барои сазовор гардидан ба камарбанди қаҳрамони ҷаҳон оид ба IBF таҳният гуфта, ҳамчун нишони қадрдонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе ба ӯ калиди хонаи 2-ҳуҷрагӣ дар пойтахтро тақдим намуданд.

Хотиррасон менамоем, ки Шавкат Раҳимов 5 ноябр дар шаҳри Абузабӣ-пойтахти Амороти Муттаҳидаи Араб муштзани бритониёӣ Зелфа Барреттро мағлуб намуда, бори нахуст дар таърихи бокси касбии тоҷик унвони қаҳрамони IBF-ро соҳиб гашт.

Раиси шаҳри Душанбе ба варзишгар барои омодагӣ дидан ба мусобиқаҳои оянда дастурҳо дода, ба ӯ барору музаффарият таманно карданд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

 

Ноябрь 14, 2022 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд