Сафири Тоҷикистон дар Туркия дар Симпозиуми «Саҳми бисёрфарҳангӣ дар ташаккули фарҳанги муосири экологӣ ва фарҳанги нави обӣ» иштирок кард

Ноябрь 24, 2022 13:15

 ДУШАНБЕ, 24.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо даъвати Сафири Италия дар Анқара Ҷиорҷио Марраподи дар Симпозиуми «Саҳми бисёрфарҳангӣ дар ташаккули фарҳанги муосири экологӣ ва фарҳанги нави обӣ» иштирок ва суханронӣ кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Анқара хабар доданд.

Ашрафҷон Гулов ҳозиринро бо ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистом муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об, алалхусус иқдоми чоруми Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» шинос кард.

Дар симпозиум 50 нафар иштирокчиён, аз ҷумла профессорон, дипломатҳо, коршиносони соҳаи обу муҳити зисти италиявӣ ва туркӣ дар шакли ҳузурию маҷозӣ ширкат варзиданд. Ҳамзамон дипломати тоҷик зикр кард, ки дар ҳамбастагии сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Подшоҳии Нидерланд ва Дафтари ҳамоҳангсози доимии СММ дар Анқара 24 ноябри соли 2022 вобаста ба Конфронси обӣ «UN 2023 Water Conference» брифинг баргузор мегардад.

Мавсуф аз фурсат истифода намуда, иштирокчиёни симпозиуми мазкурро барои иштирок дар брифинг даъват намуд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Анқара

Ноябрь 24, 2022 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти ширкати «LANXESS AG»-и Олмон мулоқот намуд
Масъалаи густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Ҷопон баррасӣ гардид
Ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои мудирияти захираҳои об баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Дабирхонаи Анҷумани ҳамкории Корея-Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Боку нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
Дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Словения баррасӣ гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Давлати Кувайт нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни олмонӣ — омӯзандагони забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи Ҳумболдти Берлин вохӯрӣ намуд
Ҳамкории судманд байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид