Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъйини Украина, Иттиҳоди Аврупо, Латвия, Шветсия, Финляндия ва Юнон эътимоднома қабул намуданд

Ноябрь 21, 2022 11:40

ДУШАНБЕ, 21.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул карданд.

Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Украина Валерий Евдокимов, Иттиҳоди Аврупо Раймундас Кароблис, Ҷумҳурии Латвия Рейнис Трокша, Шветсия Томас Данестад, Ҷумҳурии Финляндия Илка Райсанен ва Юнон хонум Екатерина Насика эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати таъйин гардиданашон ба ин маснади сермасъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки фаъолияти самараноки онҳо омили муассири рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногусоҳа миёни кишварҳо хоҳад гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки давлати мо тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ бо доираи васеи ҷомеаи олам ҳамкории судманду баробарҳуқуқро дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ ба роҳ монда, пайгирона густариш медиҳад.

Сарвари давлат оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Украина, Иттиҳоди Аврупо, Ҷумҳурии Латвия, Шветсия, Ҷумҳурии Финляндия ва Юнон андешаронӣ карданд. Бояд гуфт, ки соли равон аз истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Украина, Латвия, Финляндия, Шветсия ва Юнон 30 сол сипарӣ мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои олам андешаронӣ карда, омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати бо иқдомҳои мушаххас ғанӣ гардонидани мазмуну муҳтавои муносибатҳои кишварҳо дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, ки дорои зарфияти зиёди ҳанӯз истифоданашуда мебошанд, таъкид намуданд.

Дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамаи сафирон ба муносибати оғози фаъолияташон барору комёбӣ орзу намуда, омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати мусоидати ҳамаҷониба дар иҷрои рисолати дипломатиашон иброз доштанд.

Қабули эътимодномаҳо аз сафирони навтаъини Украина, Иттиҳоди Аврупо, Латвия, Шветсия, Финляндия ва Юнон 21.11.2022

Ноябрь 21, 2022 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири энергетика ва захираҳои об дар чорабинии «Ҳафтаи гузариш ба энергияи «сабз» дар Ҷопон иштирок намуд
Дар Душанбе Анҷумани кории Тоҷикистон ва Беларус доир мешавад
Дар маҷаллаи «Trends» дар хусуси Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 бо иштироки Тоҷикистон мақола ба нашр расид
Ҷамолиддин Абдуллозода дар якчанд ҷаласаи сатҳи баланди СММ оид ба масъалаҳои тандурустӣ иштирок намуд
Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии пахта бомаром идома дорад
ИФТИХОРИ ТОҶИКИСТОН! Сомон Маҳмадбеков дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 ба медали тилло шарафёб гардид!
Ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани «Бешаи палангон» бозгӯи баланд гардидани мавқеи Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ аст
40 нафар занони ҳунарманд соҳиби гранти Раиси шаҳри Хуҷанд шуданд
«МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2023». Мураббии шаҳри Душанбе Шукрона Мадиева ғолиби даври ҷумҳуриявии озмун гардид
МУБОРАК БОД! Беҳрӯз Хоҷазода дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 соҳиби аввалин медали биринҷӣ гардид!
Дар Хуҷанд Маҷмааи муосири варзишии «Суғд Арена» бунёд мешавад
«ТИЛЛОИ САФЕД». Дар вилояти Хатлон беш аз 93 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд