Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Директори иҷроияи Фонди иқлими сабз Яник Глемарек мулоқот намуданд

Ноябрь 7, 2022 14:35

ДУШАНБЕ, 07.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP 27) бо Директори иҷроияи Фонди иқлими сабз Яник Глемарек мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили мубрами рӯз, дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти глобалӣ ва натиҷаҳои кори Конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳидро муҳокима карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин имкони дидору мулоқот ва баррасии масоили ҳамкории дуҷонибаро омили муҳими тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Фонди иқлими сабз арзёбӣ намуданд.

Тоҷикистон тайи 20 соли охир як қатор ташаббусҳои глобалиро оид ба оби ошомиданӣ ва тағйирёбии иқлим пешниҳод кардааст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо иттифоқи оро қабул гардидаанд. Ташаббуси навбатии кишвари мо ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои тағйирёбии иқлим оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мебошад.

Таъкид гардид, ки айни ҳол бо ҷалби маблағҳои Фонди иқлими сабз дар Тоҷикистон 5 лоиҳа мавриди татбиқ қарор дорад. Лоиҳаҳои мазкур дар соҳаҳои энергетика, татбиқи чораҳои зарурӣ барои пешгирии хатарҳои табиӣ, устувории ҷомеаҳои осебпазири минтақаҳои кӯҳӣ ба паёмадҳои иқлимӣ, маблағгузорӣ дар бахши хусусӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии обуҳавошиносӣ амалӣ мешаванд.

Дар мулоқот пешниҳод гардид, ки ҷаласаи Шӯрои идоракунандагони Фонди иқлими сабз дар соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.

Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ анҷом доданд.
Мулоқот бо Директори иҷроияи Фонди иқлими сабз Яник Глемарек 07.11.2022

Ноябрь 7, 2022 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд