Ширкати «Артуч» Тоҷикистонро дар Форуми байналмилалии сайёҳӣ дар Россия намояндагӣ мекунад

Ноябрь 4, 2022 10:40

ДУШАНБЕ, 04.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистонро дар Форуми байналмилалии сайёҳии Travel Hub «Иттиҳод», ки 9-10 ноябр дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мешавад, ширкати сайёҳии «Артуч» намояндагӣ мекунад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Намояндагони «Артуч» қаблан низ дар чунин чорабиниҳо дар Россия ширкат карда, дар муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистон таҷрибаи назаррас доранд.

Гуфта шуд, ки дар ҳамоиш масъалаҳои имконияти сайёҳии кишварҳо, туризми тиббию иқтисодӣ, рақамикунонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва хатсайрҳои нави сайёҳӣ баррасӣ мешаванд.

Дар назар аст, ки дар ҳамоиш роҳбарони ниҳодҳои дахлдори кишварҳои ИДМ, намояндагони маъмурияти Санкт-Петербург ва кумитаи иҷроияи ИДМ, инчунин мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, кормандони меҳмонхонаҳою осоишгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоиву нақлиётӣ ширкат кунанд.

Бояд гуфт, ки Маркази сайёҳии «Иттиҳод» барномаест, ки соли 2019 барои муттаҳид сохтани тамоми иштирокчиёни соҳаи сайёҳии кишварҳои ИДМ таъсис дода шудааст.

Ҳадафи аслии вохӯриҳо, мизҳои мудаввар ва семинарҳое, ки таҳти сарпарастии он баргузор мешаванд, рушди робитаҳои нав байни иштирокчиёни бозори сайёҳии кишварҳои иттиҳод дар заминаи баста шудани қисман сарҳадҳо ва хуруҷи якчанд бозигарони байналмилалӣ дар ИДМ мебошад.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Ноябрь 4, 2022 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд