Сокинони Исфара, ки бар асари муноқишаҳои марзӣ зарар дида буданд, соҳиби манзилҳои нав мегарданд
ДУШАНБЕ, 22.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25-26 ноябр ба он сокиноне, ки хонаҳояшон дар натиҷаи муноқишаҳои марзии 14 – 16 сентябр сӯхта, валангор шуда буданд, манзилҳои нав супорида мешаванд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини раиси Ҷамоати деҳоти Ҷоркӯҳ Маъруф Набиев иброз дошт, корҳои сохтмонӣ дар манзилҳои истиқоматии сокинони деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара беш аз 95 дарсад ба анҷом расидаанд.
Мавсуф тазаккур дод, ки дар айни замон сохтмончиён ба рангубори беруни хонаҳо машғул буда, кӯшиш доранд онро рӯзҳои наздик пурра ба итмом расонанд.
Мавриди зикр аст, ки бар асари даргирии марзии 14 – 16 сентябр хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти ҷамъиятӣ дар шаҳру навоҳии Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов оташ гирифта, пурра вайрон шуда буданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз чанд рӯзи ин ҳодиса ва барои ҳарчӣ зудтар бартараф намудани пайомадҳои муноқишаи марзӣ аз Душанбе ба шаҳри Исфара кумаки моддии иборат аз масолеҳи сохтмонӣ равон карда, ба масъулони ҳукумати Суғд барои бунёди хонаҳои нав барои зарардидагон то фарорасии фасли сармо дастур дод.
Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои даргириҳои марзӣ, сари вақт бунёду барқарорсозии манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва иншооти иҷтимоӣ Ситоди махсуси вилоятӣ таҳти роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таъсис ёфт.
АКС: МИҲД Исфара








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






