ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, шанбе, 316-умин рӯзи соли 2022 аст

Ноябрь 12, 2022 08:00

12 ноябри соли 2015 дар қароргоҳи Президенти Покистон маросими супоридани унвони фахрии «Доктори фалсафа ва иқтисод»-и Донишгоҳи Қоиди Аъзам ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ баргузор гардид.

***

13 сол қабл, 12 ноябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодии Тоҷикистон ва Туркманистон доир шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 «Боғи миллии Тоҷикистон» ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.

12 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории илтиҳоби шуш.

***

Дар Ҷумҳурии Озарбойҷон – Рӯзи Конститутсия.

РӮЙДОДҲО:

12 ноябри соли  2014 ба дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Ҷоми қаҳрамонӣ барои ғалаба дар Чемпионати Тоҷикистон-2014 супорида шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ба имзо расид.

***

12 ноябри соли 2015 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Тоҷикистон-2030: дар самти рушди устувори инсоният» Симпозиуми байналмилалии илмӣ –оммавӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва некӯаҳволии Корея ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

***

12 ноябри соли 1993 дар Узбекистон асъори нав-сом ба муомилот бароварда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2015 дар шаҳри Исломобод ҷаласаи якуми Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Покистон баргузор гардид.

Ноябрь 12, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 феврал, якшанбе, 53-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 феврал, шанбе, 52-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 феврал, панҷшанбе, 50-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 феврал, чоршанбе, 49-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 феврал, сешанбе, 48-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 феврал, душанбе, 47-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 феврал, якшанбе, 46-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 феврал, шанбе, 45-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 феврал, ҷумъа, 44-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз, 12 феврал, панҷшанбе, 43-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 феврал, чоршанбе, 42-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 феврал, сешанбе, 41-умин рӯзи соли 2026 аст