ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, якшанбе, 324-умин рӯзи соли 2022 аст
20 ноябри соли 2009 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба имзо расид.
***
83 сол муқаддам, 20 ноябри соли 1939 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таъсис ёфт.
20 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон.
***
Дар Мексика – Рӯзи инқилоб.
РӮЙДОДҲО:
20 ноябри соли 2009 шӯрои сарони ҳукуматҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Консепсия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикаро қабул намуд.
***
20 ноябри соли 2013 Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ворид намудани тағйиру илова ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «TajChina-2013» -ро аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод кард.
***
7 сол пеш, 20 ноябри соли 2015 ҳолат ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон муҳокима гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон, аз ҷумла рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ баррасӣ карда шуданд.
***
20 ноябри соли 2018 дар Театри ба номи Абулазиз Абулризои пойтахти Давлати Кувайт барномаи фарҳангии аҳли санъат ва ҳунари тоҷик баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 1959 СММ Декларатсияи ҳуқуқи кӯдакро қабул намуд.
***
20 ноябри соли 1968 дар натиҷаи силсилатаркиш дар кони Манингтон (ИМА) 99 нафар коргарон ба ҳалокат расиданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2018 дар пойтахти Тоҷикистон маросими ифтитоҳи аввалин фестивали панҷрӯзаи душанбегии филмҳои франсузӣ доир шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард






