ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД! Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷашнӣ доир шуд

Ноябрь 23, 2022 15:32

ДУШАНБЕ, 23.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ливои меҳр» ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Академияи мазкур хабар доданд.

Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Абдухалил Ғафурзода иброз намуд, ки «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон- рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати миллӣ, шукуфоии кишвар, истиқлолияти комил ва умед ба фардои нек мебошад. Маҳз бо талошҳои хастагинопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Тоҷикистон дар созмону ташкилоти бонуфузи давлатӣ ва сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ қомат афрохтааст, ки ин сабаби ифтихору сарбаландии мост».

Мояи ифтихори ҳар фарзанди ватандӯсту миллатпарвари тоҷик аст, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 августи соли 2011 дар паҳлӯи чапи Маҷмааи давлатии Қасри Миллат дар баробари Нишони давлатӣ Парчами Тоҷикистон барафрохта шуд. Дар бунёди он бинокорони корхонаи «Алюминсохтмон» ва ширкати байналмиллали «Трайдент Саппот» заҳмати зиёд кашида, ҳунари баланди касбӣ нишон доданд. Натиҷаи ҳамин буд, ки дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр парафшон гардид.


Дар чунин шакл ва андоза бунёд намудани парчам ғурури давлатдорӣ ё худнамоӣ набуда, балки ифодаи давлатдории қадимии халқи тоҷик мебошад. Аз ин рӯ, бузургдошти Парчами давлатӣ — арҷгузорӣ ба таҷрибаи давлатдории гузаштагони миллати тоҷик буда, ҳимоя ва қадрдонии он ба талоши ҳар фарди ҷомеа тавъам мебошад.

Дар ҷаҳони муосир ҳар давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Бо дидани Парчами давлатӣ ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар шаҳрванд дар назди халқу миллат боло мегирад ва беихтиёр ин мисраъҳои Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб бо ғурури баланд садо медиҳанд:

Тоҷикистон, Парчамат поянда бод,
Ҷовидон фарзандҳоят зинда бод!

 АКС: Академияи идоракунии давлатӣ

Ноябрь 23, 2022 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд