Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳоро ҷиҳати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсия барои солҳои 2023-2024 ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 28.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Узбекистон ҷиҳати татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ оид ба мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсия нақшаи чорабиниҳоро барои солҳои 2023-2024 ба имзо расониданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи мамлакат.
Нақшаи мазкур 25 ноябр дар Душанбе зимни мулоқоти Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода ва Сардори Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Узбекистон Дилшод Раҳимов ба имзо расид.
«Ҷонибҳо зимни мулоқот ба ташкили фазои мусоид ва тақвияти ҳамкорӣ ҷиҳати муқовимат ба коррупсияи фаромиллӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, дар ин замина нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ миёни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Узбекистон дар самти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсия барои солҳои 2023-2024-ро ба имзо расониданд», — гуфта мешавад дар иттилоияи Агентӣ.
Таъкид гардид, ки ба имзо расонидани нақшаи мазкур барои беҳтар намудани ҳамкории мутақобилаи судманд шароити мусоид фароҳам меорад.
Дар фарҷом ҷонибҳо барои тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба изҳори умедворӣ карданд.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






