ТУҒЁНИ ЭҲСОСОТ. Шоҳроҳи Помир ба ТОП 10 зеботарин роҳҳои сайёра дар соли 2022 шомил гардид!
ДУШАНБЕ, 22.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар рейтинги зеботарин роҳҳои сайёра дар соли 2022 шоҳроҳи Помир ба ТОП-10 зеботарин роҳҳои сайёра шомил шуда, дар раддабандӣ ҷои сеюми ифтихориро ишғол кард ва танҳо баъд аз роҳҳои зебои Фаронса ва ИМА ҷой гирифт. Рейтинг дар автосомонаи rating-avto.ru нашр шудааст, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ба гуфтаи тартибдиҳандагони ин рейтинг, «Шоҳроҳи Помир- баландтарин роҳи хокии сайёра буда, аз Душанбе то ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегузарад ва шаҳри Хоруғи Тоҷикистонро бо Ӯши Қирғизистон мепайвандад.
Роҳ аз чанд ағба мегузарад, ки пасттаринаш Талдиқ дар баландии 3600 метр аз сатҳи ҷаҳон ҷойгир буда, ағбаи Оқбайтал (4650 метр) ба нуқтаи болои «Боми ҷаҳон», чунонки Помирро аз замонҳои қадим меноманд, ҳамшафат аст. Дар ҳар сурат қуллаи Ленин (аз соли 2006 — қуллаи Абуалӣ ибни Сино ё Авитсенна — тавзеҳи АМИТ «Ховар») бо баландии 7135 метр, воқеъ дар ҳудуди Боғи миллии Помир, аз гузаргоҳ хеле хуб намоён аст. Аз кӯли кӯҳи Қарокул (аз сатҳи баҳр 3915 метр баланд) роҳи хушманзара, ки манзараҳои зебо ва дилрабо дорад, мегузарад, маҳз дар ҳамин ҷо нуқтаи ин роҳ аз доманаи Помири Калон мегузарад. Дар ин ҷо шумо тамоми аҷоиботи барои роҳҳои кӯҳӣ хосро пайдо мекунед — нақбҳо, дараҳо, растаниҳои нодир ва ҳатто деҳаҳои камёфт. Ва, албатта, рамаҳои гӯсфандоне, ки ба сокинони маҳаллӣ тамоми чизи барои ҳаёт заруриро медиҳанд. Омода бошед, ки дар роҳ дар қатори мошинҳои боркаш хару хачирҳое, ки бо ҳар гуна борҳои вазнин равонанд, ба чашм мерасанд».
ДАР АКС: шоҳроҳи Помир
Ёдовар мешавем, ки шоҳроҳи бузурги Помир бо дарозии беш аз 1200 километрро соли 1933 22 ҳазор сокини Тоҷикистон ҳамагӣ дар 110 рӯз бунёд карда буданд. Соли оянда, соли 2023 ба кори ба истифода додани шоҳроҳ расо 90 сол пур мешавад. Бояд гуфт, ки дар раддабандии 10 зеботарин роҳи ҷаҳон дар соли 2022 дараи Вердон (ҷанубу шарқии Фаронса, Прованс) ҷои аввалро ишғол мекунад. Дар ҷои дуюм шоҳроҳи Далтон (Аляска, ИМА) ҷойгир аст. Ба даҳ роҳи зебои беҳтарин инчунин шоҳроҳи Трансфэгэраш (Руминия), шоҳроҳи Чуйский (ҳудуди Олтойи Россия), роҳи Атлантик (Норвегия), «Роҳи баландкӯҳҳо»-и Тянмен (Чин), хатсайри 40 (Аргентина), Роҳи бузурги уқёнус ва Доираи Бузург (Колорадо, ИМА) дохил шудаанд.
АКС: rating-avto.ru










ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст






