ТУҒЁНИ ЭҲСОСОТ. Шоҳроҳи Помир ба ТОП 10 зеботарин роҳҳои сайёра дар соли 2022 шомил гардид!

Ноябрь 22, 2022 11:43

ДУШАНБЕ, 22.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар рейтинги зеботарин роҳҳои сайёра дар соли 2022 шоҳроҳи Помир ба ТОП-10 зеботарин роҳҳои сайёра шомил шуда, дар раддабандӣ ҷои сеюми ифтихориро ишғол кард ва танҳо баъд аз роҳҳои зебои Фаронса ва ИМА ҷой гирифт. Рейтинг дар автосомонаи rating-avto.ru нашр шудааст,  иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ба гуфтаи тартибдиҳандагони ин рейтинг, «Шоҳроҳи Помир- баландтарин роҳи хокии сайёра буда, аз Душанбе то ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегузарад ва шаҳри Хоруғи Тоҷикистонро бо Ӯши Қирғизистон мепайвандад.

 Роҳ аз чанд ағба мегузарад, ки пасттаринаш Талдиқ дар баландии 3600 метр аз сатҳи ҷаҳон ҷойгир буда, ағбаи Оқбайтал (4650 метр) ба нуқтаи болои «Боми ҷаҳон», чунонки Помирро аз замонҳои қадим меноманд, ҳамшафат аст. Дар ҳар сурат қуллаи Ленин (аз соли 2006 — қуллаи Абуалӣ ибни Сино ё Авитсенна — тавзеҳи АМИТ «Ховар») бо баландии 7135 метр, воқеъ дар ҳудуди Боғи миллии Помир, аз гузаргоҳ хеле хуб намоён аст. Аз кӯли кӯҳи Қарокул (аз сатҳи баҳр 3915 метр баланд) роҳи хушманзара, ки манзараҳои зебо ва дилрабо дорад, мегузарад, маҳз дар ҳамин ҷо нуқтаи ин роҳ аз доманаи Помири Калон мегузарад. Дар ин ҷо шумо тамоми аҷоиботи барои роҳҳои кӯҳӣ хосро пайдо мекунед — нақбҳо, дараҳо, растаниҳои нодир ва ҳатто деҳаҳои камёфт. Ва, албатта, рамаҳои гӯсфандоне, ки ба сокинони маҳаллӣ тамоми чизи барои ҳаёт заруриро медиҳанд. Омода бошед, ки дар роҳ дар қатори мошинҳои боркаш хару хачирҳое, ки бо ҳар гуна борҳои вазнин равонанд, ба чашм мерасанд».

ДАР АКС: шоҳроҳи Помир

 Ёдовар мешавем, ки шоҳроҳи бузурги Помир бо дарозии беш аз 1200 километрро соли 1933  22 ҳазор сокини Тоҷикистон ҳамагӣ дар 110 рӯз бунёд карда буданд. Соли оянда, соли 2023 ба кори ба истифода додани шоҳроҳ расо 90 сол пур мешавад. Бояд гуфт, ки дар раддабандии 10 зеботарин роҳи ҷаҳон дар соли 2022 дараи Вердон (ҷанубу шарқии Фаронса, Прованс) ҷои аввалро ишғол мекунад. Дар ҷои дуюм шоҳроҳи Далтон (Аляска, ИМА) ҷойгир аст. Ба даҳ роҳи зебои беҳтарин инчунин шоҳроҳи Трансфэгэраш (Руминия), шоҳроҳи Чуйский (ҳудуди Олтойи Россия), роҳи Атлантик (Норвегия), «Роҳи баландкӯҳҳо»-и Тянмен (Чин), хатсайри 40 (Аргентина), Роҳи бузурги уқёнус ва Доираи Бузург (Колорадо, ИМА) дохил шудаанд.

АКС: rating-avto.ru

Ноябрь 22, 2022 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Тоҷикобод лоиҳаи нави таъмини оби тоза барои сокинони деҳаи Сабзазор амалӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад