«Ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон дар тамоми зинаҳои таҳсилот амалӣ гардид»,- бардошт аз ҳамоиш дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон

Ноябрь 5, 2022 10:49

ДУШАНБЕ, 05.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи моддаи 41-уми Конститутсия ҳар шахс ҳуқуқ ба таҳсил дошта, давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро кафолат медиҳад. Вобаста ба соҳаи маориф ва илм ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот амалӣ гардида, бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф дар чаҳорчӯби сиёсати иҷтимоии кишвар яке аз самтҳои калидӣ эълон гардид. Ин матлабро Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни баргузории Конференсияи илмӣ-назариявии- «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: заминаи рушди босуботи соҳаи маориф ва илми кишвар» баён намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми мамлакат хабар доданд.

Раҳим Саидзода иброз дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар яке аз бузургтарин дастовардҳои миллати тоҷик маҳсуб ёфта, ин санади олии ҳуқуқии кишвар дар ҳаёти сиёсии мамлакат саҳифаи тозаеро боз намуда, таҳти сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат зиндагии орому осуда, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва оромии сиёсиро дар ҷумҳурӣ таъмин намуд.

Дар ҳамоиш зикр гардид, ки Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати муътабару муътамади бахтовару сарнавиштсоз тавонист ифодагари манфиатҳои мардум бошад ва миллати тоҷикро дар тамоми дунё муаррифӣ намояд. Он ҳадафи асосӣ ва аввалиндараҷаи Конститутсия- суботи конститусиониро муайян кард.

Таъкид шуд, ки Конститутсия таҷассумгари моҳияти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии давлат аст. Шаҳрвандон вазифадоранд, ки ҳар банди онро риоя кунанд, ҳуқуқу озодӣ, шарафу номуси дигаронро эҳтиром намоянд. Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем ба ҳадафи ниҳоии худ- бунёди давлати пешрафта ва мардуми дорои зиндагии шоиста бирасем.

Дар ҳамоиш муовинони Вазири маориф ва илм, сардорон ва кормандони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеъ, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.

АКС: Маркази матуботи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 5, 2022 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд